Дафни пораҳои ҷасади Муҳаммадҷон ва бозпурсии зани ҳамхонааш
Ҷасади пора-пораи Муҳаммадҷон Сафарзода, муҳоҷири ба таври ваҳшиёна кушташудаи тоҷик шаби гузашта аз шаҳри Якутияи Русия ба Ватан интиқол дода шуда, имрӯз, 29-уми декабр дар шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.
Сафар Азизов, падари Муҳаммадҷон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, қисматҳои ёфтшудаи писари 21-солаашро дар қабристони маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе ба хок супорид. Ӯ афзуд, ки то ҳол қисмати поёнии ҷасади писараш дарёфт нашудааст: “Ҷасади нопурраи писарамро маҷбур шудам, ки ба хотири таскин ёфтани дили модарашу аҳли хонавода ба Ватан орам. Дар интиқоли ҷасад баъзе аз хешовандону ҷамъияти тоҷикон дар Якутия кӯмак карданд.”
Падари Муҳаммадҷон мегӯяд, ҳоло мақомоти пулиси Якутия дар робита ба куштори писараш Гулчеҳра Тошпулодовна, узбаки муқими Тоҷикистонро бозпурсӣ доранд, ки замоне бо ин муҳоҷири тоҷик дар Русия якҷоя зиндагӣ кардааст. Сафар Азизов афзуд, ки қабл аз сафари Муҳаммадҷон ба Русия нафаре тавассути рақамҳои ин зан бо ӯ тамос гирифта, таҳдид кардааст, ки агар писараш ба Русия ояд, ӯро қатл хоҳад кард: “Як мард аз рақамҳое занг зад, ки ба номи ҳамин Гулчеҳра Тошпулодовна ба қайд гирифта шудаанд. Инро тафтишот маълум кард. Аммо ин занак рад мекунад ва мегӯяд, ҳеч гуноҳе надорад. Ҳоло иттилои дақиқи дигаре нест.”
Муҳаммадҷон Сафарзода 25 ноябр аз маркази шаҳри Якутия бедарак шуд ва 28 ноябр дар канори шаҳр пораҳои ҷасади ӯро пайдо карданд. Ба гуфтаи пайвандонаш, Муҳаммадҷони 21-сола асосан дар сохтмонҳо кор мекардааст.