“Барқи тоҷик”: Лимит дар “Соли Нав” лағв мешавад
Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, лимит ё худ маҳдудияти интиқоли барқ дар рӯзҳои таҷлили Соли Нави мелодӣ дар Тоҷикистон лағв мешавад.
Тибқи иттилои ин ширкат мардуми тамоми навоҳии Тоҷикистон аз соати 6-и субҳи 31-уми декабри соли 2014 то соати 23:00-и рӯзи 1-уми январи соли 2015 бемаҳдудият барқ хоҳанд гирифт.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои оддӣ мардуми Тоҷикистон, ба истиснои сокинони Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо дар як шабонарӯз аз 5 то 10 соат барқ мегиранд.