АКС: Туҳфаи солинавии Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони маъюб ва таъкидаш ба масъулин
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи як сафари корӣ аз Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар боздид намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ин маҷмаа, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, бинои нави иловагии он ифтитоҳ шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин маросим ба бошандагони Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо, ки асосан кӯдакону наврасони маъюбанд, туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сарулибоси зимистона ва бозичаю шириниҳо аз сӯи раисҷумҳур тақдим гардид.
Бинои нави Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо дар зарфи чанд соли охир бо харҷи 6,2 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷа буёнд гардида, бо таҷҳизоти замонавии табобату тавонбахшии кӯдакони маъюб муҷаҳҳаз шудааст: “Дар ин ҷо толору утоқҳои зиёди таълиму мустақилсозии маъюбон, аз ҷумла утоқҳои логопедӣ, сенсорӣ, обдармонию омӯзиши шиноварӣ, расмкашӣ, дармонбахшӣ бо мусиқӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки бо завқи баланд ва риояи нозукиҳои касбӣ таҷҳиз шудаанд.”
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо роҳбарияту кормандони ин муассисаи иҷтимоӣ, таъкид кардааст, ба ин кӯдакони маъюбу ниёзманд бо меҳрубонии падарумодарона муносибат кунанд, зеро ин кори басо хайру савоб аст.