Рӯзи 20-уми сентябр даври 30-юми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Тавре аз федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин сабқат дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо тими "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода рақобат намуда, бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд. Бозӣ миёни дастаҳои "Вахш"-и Қӯрғонтеппа ва "Энергетик" –и Душанбе мусовӣ 0-0 ба анҷом расид. Дастаи "Хайр"-и Ваҳдат бошад, тими "Шодмон"-и Ҳисорро бо ҳисоби калони 8 бар 0 мағлуб сохт. Бозии "Гвардия"-и Душанбе бо "Хуҷанд"-и Хуҷанд, ки 19 сентябр баргузор шуд, бо ҳисоби 4:2 ба нафъи меҳмонон- футболбозони Хуҷанд ба анҷом расида буд.
Гуфта мешавад, ки даври 31-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 23-уми сентябр баргузор хоҳад шуд. Дар ин давр дастаи «Гвардия» бо «Парвоз», «Вахш» бо «Регар-ТадАЗ», ССКА «Помир” бо “Шодмон» ва «Равшан» бо «Энергетик» қувваозмоӣ хоҳанд кард.{jathumbnail off}