Маъюби 44-сола дар куштори марди 91-сола муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як маъюби гуруҳи 2-юм аз ноҳияи Кӯлобро дар куштори сокини 91-солаи ноҳияи Муъминобод муттаҳам мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ муттаҳам Ёдгор Файзуллоев, маъюби гуруҳи 2-юм, истиқоматкунандаи деҳаи Ҳазори ноҳияи Кӯлоб, тақрибан соати 19:40 дақиқаи рӯзи 27-уми декабр бо зӯрӣ вориди хонаи истиқоматии шаҳрванд Икром Набиев, сокини 91-солаи деҳаи Лангари ноҳияи Муъминобод шуда, ӯро лату кӯб карда, бо чӯб ба сараш якчанд маротиба задааст.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа шаҳрванд Набиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.”