Даъвати Шукурҷон Зуҳуров аз раҳбарони ҳукумати Темурмалик барои наздикӣ бо мардум
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон аз раҳбарони ҳукумати ноҳияи Темурмалик хост ба мардум ҳар чи бештар наздик бошанд ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи онҳо мусоидат намоянд. Ин нуктаро ҷаноби Зуҳуров аснои боздид аз ноҳияи Темурмалик иброз доштааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” иттилоъ дод, зимни сафар Шукурҷон Зуҳуров ҳамроҳ бо Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм аз мактаб-интернати давлатии Кангурти ноҳия дидан намуда, ба 120 хонандаи он кӯмакҳои хайриявӣ, аз ҷумла либосҳои зимистона, компютерҳои муосир, телевизору яхдон, қолину ҷорӯббарқӣ, мошини ҷомашӯӣ, дафтару қалам, мизу курсии дарсхонӣ, 1000 адад китоби дарсӣ ва барои ҳамаи бошандагони ин даргоҳ туҳфаҳои солинавӣ такдим намудаанд.
Ба қавли манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, “мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани сатҳи таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини фаъолияти самараноки онҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳем, зеро ташаккули шахсиятҳои шоистаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз сатҳи донишу таҷрибаи устодон, донишу саводнокии толибилмон ва умуман фаъолияти мураттаби муассисаҳои таълимӣ вобастагии мустақим дорад”.
Ҷаноби Султонов мегӯяд, райиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулону фаъолон дар Темурмалик таъкид намуд, робитаи худро бо мардум мустаҳкам намоянд ва доир ба ҳалли саривақтии мушкилоти аҳолӣ чораҷӯӣ кунанд: “Бовар дорам, мардуми сарбаланду заҳматкаши нохияи Темурмалик минбаъд низ бо меҳнати ҳалоли худ барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани маҳбубамон, эҳё намудани шӯҳрати собиқи нохия ҳамчун яке аз нохияҳои овозадори мамлакат саҳми худро дар таҳкими иқтидори иқтисодии кишварамон мегузоранд”.