Бозхонии “хити садсолаи тоҷик” аз ҷониби Файзалӣ Фозилов (САДО)
Файзалӣ Фозилов, овозхони ҷавони тоҷик, таронаи “Зулфи парешон”-ро, ки “хити садсолаи тоҷик” унвон мешавад, бозхонӣ кардааст.
Ин бозхонӣ ҳам дар ҳолест, ки имрӯзҳо даҳҳо таронаи қадимиву суннатӣ аз ҷониби овозхонони ҷавони тоҷик аз дигар суруда мешаванд, аммо шаҳомату шуҳрати қаблии онро на коста ва на афзуда метавонанд. Яке аз санъатшиносони тоҷик ба “Озодагон” гуфт, иҷрои таронаи “Зулфи парешон” дар иҷрои Файзалӣ Фозиловро дар яке аз маъракаҳо шунида, “ба гӯши худ бовар накардааст, ки ҷавонони имрӯз онро ба ин ҳадд олӣ сароида тавонанд”. Вай гуфт, бузургони мусиқии классикӣ ва ҳам саромадони мусиқии попи тоҷик, аз ҷумла Маъруфхоҷа Баҳодуров, мегуфтанд, “ҳар касе “Зулфи парешон” – ро иҷро карда тавонад, ояндаи дурахшони худро дар ҷодаи мусиқӣ муайян кард”.
“Зулфи парешон” аз таронаҳои қадимии тоҷик аст, ки асри 19-ум дар Бухоро эҷод шудааст. Муаллифи онро Левӣ Бобохонови маъруфи яҳудӣ меноманд. Ин тарона дар маҳфилҳои хосу ом зиёд садо медод ва мухлиси зиёд дошт. Санъатшиносон аз қавли Маъруфхӯҷа Баҳодуров нақл мекунанд, ин таронаро танҳо касе, ки бо салиқаи олӣ мехонд, Содирхон Ҳофизи Хуҷандӣ буд.
“Зулфи парешон” дар замони Шӯравӣ аз ҷониби овозхонони зиёд, аз ҷумла Рафаэл Толмасов олӣ иҷро шудааст, аммо иҷрои Борис Наматиев, низ овозхони яҳудӣ ба таври бесобиқа олӣ будааст. Бино ба сабтҳои интернетӣ, “Зулфи парешон”–ро марҳум Олим Бобоев ва Афзалшоҳ Шодиев низ иҷро кардаанд. Аз овозхонони ҷавон ҳам даҳҳо нафар онро бозхонӣ намудаанд.
Файзалӣ Фозилов, овозхони ҷавон зодаи ноҳияи Ваҳдат буда, аз оилаи овозхони дигари маъруфи мусиқии попи тоҷик – Сироҷиддин Фозилов аст.