Убайдуллоев корхонаи нави "пулҷамъкун" таъсис медиҳад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҳисоботи солонааш ба вакилони пойтахт афзоиши сохтмонҳои навро дар ҳоле, ки шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обу коррезӣ ба талабот ҷавобгӯй нестанд, мояи нигаронӣ хондааст.
Ӯ таъкид намудааст, ки сармоягузорӣ ба сохтмон афзоиш ёфтаасту ба рушди инфросохтори муҳандисӣ, пеш аз ҳама шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обу коррезӣ кам аст.
Раиси Душанбе барои ҳалли ин мушкил пешниҳод намудааст, ки корхонаи нави воҳиди давлатӣ таъсис ёбад, ки аз сармоягузорони биноҳои тиҷоратӣ маблағи муайян гирифта, барои рушди инфросохтори муҳандисӣ равона кунад: “Аз нигоҳи мантиқӣ ва риояи иҷтимоияти тиҷорат яке аз вариантҳои ҷолиб ин аз ҷониби фармоишгарон - сармоягузорони иншооти тиҷоратии бунёдшаванда гирифтани ӯҳдадории нотариалӣ барои бо ин мақсад равона намудани маблағи муайян мутаносибан ба арзиш ва масоҳати умумии бинои сохташаванда мебошад ва тавассути таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии махсусгардонидашуда корҳои лоиҳакашию бунёди шабакаҳои муҳандисиро роҳандозӣ хоҳем кард. Дар ин ҷода масъулини шаҳрдорӣ паҳлӯҳои ҳуқуқии масъаларо амиқ омӯхта, татбиқи онро дар доираи Қарори дахлдори батасвибрасандаи Раиси шаҳри Душанбе бояд таъмин созанд.”
Инчунин Убайдуллоев дар пасманзари афзоиши босуръати сохтмонҳо имконоти мақомоти дахлдорро барои назорати сатҳу сифати сохтмонҳо нокифоя хондааст: “Аз ин лиҳоз, шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муваззаф карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои масъули соҳа, инчунин бо ҷалби коршиносон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти таъмини назорати эътимоднок, иҷрои босифати корҳои сохтмону васлкунӣ ва истифодаи маҳсулоти сохтмонӣ Барномаи махсусро бо омӯзиш ва роҳандозии таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон бояд назорати санитарию эпидемиологӣ дар ҷараёни корҳои бунёдӣ, ки дар интиҳо истифодабарандаи дилхоҳ иншоот инсон ва шаҳрванд мебошад, пурзӯр карда шавад.”
Ин супоришҳо дар ҳолеянд, ки тибқи иттилои шаҳрдорӣ тайи 11 моҳи соли равон дар Душанбе 90 ҳазору 285 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 25,5 дарсад зиёд мебошад.