5-сомонӣ ва иҷрои нақшаи истеҳсолӣ
Кирмакпарварони ноҳияи Носири Хисрав нахустин шуда, аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пилла баромаданд.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд, кишоварзони ин минтақа ба хирмани давлат 11,1 тонна пиллаи хушсифат супориданд, ки ин 100,9%-и нақшаро ташкил намудааст. То имрӯз дар кишвар ба миқдори 125,3 тонна пилла тайёр карда шудааст, ки ин миқдор дар маҷмӯъ 6, 7%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ба иттилои ин вазорат, феълан дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии пилла бо суръат идома дорад ва аз ҷониби сармоягузорон ба ҳар килограмм пилла дар асоси шартномаи тарафайн 5 сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад.