Марям Атоӣ: Мехоҳам “ситораи Қуръон” ва духтари сол муаррифӣ шавам
Марям Атоӣ, як духтари афғон дар муддати се сол китоби Қуръони каримро бо хатти насхи арабӣ дастхат кардааст.
Атоӣ зодаи вилояти Бадахшони Афғонистон буда, фориғуттаҳсили литсейи “Махфии Бадахшон” ва дорои ҳунари наққошӣ ва хаттотӣ мебошад. Ба иттилои хабаргузории “Пажвок”-и Афғонистон, ин духтари афғон 6 ҳазору 666 ояти Қуръони каримро дар коғази “А4” навиштааст. Ӯ дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфтааст, баъди аз худ кардани илми таҷвид ба ҳифзи оятҳои Қуръон оғоз карда, ҳоло чаҳор пораи ин китоби муқаддасро азёд медонад: “Ситораи афғон, овозхон тарбият мекунад, чаро аз Қуръон касе ситора набошад? Мехоҳам, дар оянда ситораи Қуръон ва духтари сол муаррифӣ шавам!”
Мақомоти маҳалли Бадахшони Афғонистон мегӯянд, баъд аз рад шудани пешниҳод барои фурӯхтани нусхаи ин Қуръони дастхат ба Имороти Муттаҳидаи Араб аз сӯи Атоӣ, қасд доранд, онро дар Шӯъбаи осори хаттии худ нигаҳ доранд. Онҳо мегӯянд, Атоӣ аз замони асҳоби паёмбар (с) то ҳол аввалин духтарест, ки нависандаи Қуръон ба шумор меравад ва ҳоло аз ҳукумати Афғонистон хостааст, ӯро дар амалӣ шудани чанд нақшаи дигараш кумак намоянд: “Ду китоб: яке ба номи “Маҷмӯаи умумиёт”, ки пажуҳишшудаи иттилооти умумӣ аст ва китоби дигар ба номи “Адабиёти дарӣ”-ро такмил карда ва барои чоп омода мебошанд ва ҳоло китоби тозаеро низ рӯи даст дорад, ки “Исломҳаросӣ” ном дорад, аз нашр баровардани онҳо ниёз ба кумаки молӣ дорад”.
Мавлавӣ Муҳаммад Азим Ҳаниф, увзи Раёсати Иршоди Ҳаҷ ва Авқофи вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд, баъд аз мутолиаи ин Қуръони дасхат ба хулоса расидаанд, ки Қуръони карим бо хатту китобати хуб хаттотӣ шуда ва қарор аст, ҳафтаи оянда маҳфили бузургдошти рӯнамоии он баргузор шавад ва туҳфаҳое низ аз сӯи тоҷирон барои нависанда тақдим хоҳад шуд.