ВИДЕО: Исмоил Талбаков дар бораи "ҷанҷоли ҳизбӣ" ва номзадҳои интихоботии ҲКТ
Шодӣ Шабдолов, райиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар садри феҳрасти интихоботии ҳизбаш аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ қарор гирифт.
Дар анҷумани пеш аз интихоботии ҲКТ, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, зикр шуд, баъд аз ҷаноби Шабдолов, муовини ӯ - Исмоил Талбаков қарор дорад. Ин ду нафар ҳоло низ дар парлумони Тоҷикистон намояндаи мардумӣ ҳастанд. Аммо Ҷаббор Ахмедов, райиси ҳизби коммунист дар вилояти Суғд ба номзадии Исмоил Талбаков эътироз карда, хостори аз зинаи дуюм лағв кардани он шуд. Ӯ баъдан бо нишони эътироз толорро тарк намуд. Ба дунбол Шодӣ Шабдолов масъалаи аз узвияти ҳизб хориҷ кардани Ахмедовро ба миён гузошт. Дар пайи овоздиҳӣ 76 нафар ба ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод раъй доданд.
Хабарнигори “Озодагон”, ки дар анҷуман ҳузур дорад, мегӯяд, коммунистҳо дар маҷмӯъ 14 нафар, бо шумули инчунин Мирзонаҷот Наботов, Мубинҷон Маҳмудов, Заррагул Мирҳасанова ва Гулчеҳра Ёрматова, Сулҳия Султонова, Абдулло Ҳабиров, Алишер Шарипов, Сафаргул Давлатёров, Маҳмадалӣ Одинаев, Ихтиёр Ашӯров, Нурулло Шулашов ва Меҳроҷ Абдуллоевро номзад ба интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳриявӣ кардаанд.
Исмоил Талбаков дар бораи бигумагӯ дар анҷуман ва номзадҳои ҲКТ ба интихоботи парлумонӣ