Машҳур ИМОМНАЗАРОВ
«Дар бобати хушунати оилавӣ дар оилаҳои бадахшонӣ қариб ҳарфе нест» Зери ин андеша ё худ печдарпечӣ баъзе расонаҳои хабарӣ менависанд, дар Бадахшон ин зуҳурот вуҷуд надорад. Ё теъдоди ҳолатҳои вобаста ба ин падида ангуштшуморанду инъикоси онҳо чандон аҳамияте надорад. Аммо воқеият он ҳаст, ки ҳозир оилаҳои зиёди вилоят бо ин масъала мушкилот дошта, ба мубҳамиҳое бармехӯранд. Вобаста ба ин иллат муддати ду соли охир бонувон ба маркази захиравии занони ВМКБ, ташкилоти ҷамъиятии «Мадина» зиёда аз 300 бор муроҷиат карданд. Дар иртибот бо ин матлаб ва якчанд паҳлӯҳои панҷагирии оилавӣ сӯҳбате доштем бо раҳбари ин марказ Набот Додихудоева.
-Мувофиқи ақидаи коршиносон зӯроварии оилавӣ дар Бадахшон нисбати дигар манотиқи кишвар ба андозае камтар буду феълан болоравӣ дорад. Лутфан бигӯед, аз чӣ шуд, ки ба вижа ҳозир падидаи мазкур байни ҷавонон тадриҷан зиёд шудаст?
- Чанде пеш се нафар бонувон расман ба марказ муроҷиат карданд. Аслан ҳамаи онҳо бевосита ба фишори ҷисмонӣ рӯ ба рӯ шуданд. Албатта он имконоте, ки мо дорем ба тадриҷ рӯи кор меорем. Аммо ҳастанд маҳдудиятҳои ҳаётие,ки бо ваҷҳи ҳимоя шудани эътибори зарардидагон аз чунин ҳодисот, фош кардани онҳо ҷоиз нест. Агарчи солҳои қаблӣ наслҳоямон хушунатро дар оила, хусусан нисбати занон аз кирдрҳои поинтарин медонистанд. Ва он дар чаҳорчӯбаи оилавӣ қариб, ки мавҷуд набуд. Насли имрӯз воқеан аз чунин арзишҳоямон ақиб монданд. Ва ин ба он оварда расондаст, ки занталоқӣ, зӯроварӣ дар оила ва ҳатто ҷои кору кӯчаҳои маркази вилоят рӯз аз рӯз меафзояд.
Ҳолатҳое мешаванд, ки осебдидгон баъд аз хушунати ҷисмонӣ ба касалхонаҳо меафтанд ва духтурону наздикон аз онҳо огоҳӣ меёбанд. Аммо феълан ҳолатҳои беши зӯроварӣ дар хона ё ҷои дигаре рух медиҳанд, ки аз ҳоли зарардидагон нафаре ҳам огоҳ нест. Албатта ашхосе, ки ба ин кор даст мезананд, осебдидагонро гӯл мезананду метарсонанд. То онҳо ба ягон ҷойе шикоят накунанд. Ва зарардидагон ҳатто аз ниҳонӣ муроҷиат кардан ба марказҳои захиравии бонувону идораҳои марбут меҳаросанд. Ҳамарӯза теъдоди зиёди бонувонеро вомехӯрем, ки ягон узви маҷрӯҳшудаи беруна аз қабили чашм ё худ кабудии онро доранд. Ва вақте ки аз онҳо суол мекунем, ки иллат дар чӣ аст!? Онхо фақат посухи онро медиҳанд, ки ин рӯйдод ҳодисаи тасодуфӣ буда, таъбир ва рӯшании дигаре надорад. Агарчӣ аз ҷониби ҳамсарон ба онҳо осеби ҷисмонӣ расида бошад.
-Баъзеҳо асли зӯровариро ба навхонадорон нисбат медиҳанд, ба фикри Шумо он аз чӣ сарчашма мегирад?
- Феълан мушкилӣ дар он аст, ки дар вилоят парваришгоҳ ё худ ҷое махсусе нест.
То дар лаҳзаи сар задани ҳолатҳои зӯроварии оилавӣ осебдидагон дар он мувақатан бимонанд. Ҳодисаҳое мешаванд, ки ҳангоми пеш омадани чунин падидаҳо занон аз хонаи шавҳарӣ мераванд. Ва якхели аз онҳо сари дуроҳа қарор мегиранду аслан намедонанд дар куҷо панаҳ ҷӯянд. Албатта проблемаи занталоқӣ дар Бадахшон ҳозир хеле болоравӣ дорад. Ва мушкилии хоси он дар тақсимоти бисотӣ ё худ молу мулк миёни зану шавҳар ҳаст. Вақтҳои охир миёни онҳо чунин тамоюл мавҷуд аст, ки бисотро ба номи падар ё модар унвонгузорӣ мекунанд. То ки дар замони ҷудошавӣ он дар байнашон тақсим нагардад.
Он равандҳои ҷудошавие, ки ҳар сол дар қазияҳои судии шаҳрию вилоятӣ муҳокима мешаванд. Бештари бонувон аз он бурд намекунанд. Бо ҳарфи дигар занон 90 фисади ин қазияҳоро бой медиҳанду аҳком ба манфиати ҳамсаронаш ҳал мегарданд. Баъди ҷудошавӣ зан бе ягон чизу чора монда, маҷбур мешавад, ки хонаи шавҳарро тарк кунад. Паҳлӯи дигари масъала он аст, ки баъди талоқшавӣ зани осебдида ба хонаи волидонаш бармегардад. Яъне агарчи қаблан пеш аз шавҳар кардан дар оилаи волидонаш ҳаққи ҳамзистии баробар дошт. Аммо ҳангоми бозгашт баъди ҷудошавӣ аз ҳамсар, бахусус бо фарзандон дар хонаи волидон зистан барояш иҷборӣ ҳаст. Ва ӯ алакай дар хоне, ки ба воя расидаст, ҷой надорад. Бавижа агар бонуи талоқёфта бародари дигар дораду ӯ меросхӯри оилавӣ ҳаст ва зан гирифта бошад. Бо ин ваҷҳ бонуи зарардида бевосита аз афроди бесарпаноҳмонда маҳсуб мешавад. Ва гоҳҳо ҳолатҳое мешаванд, ки дар иртибот бо ингуна мушкилӣ баъзе бонувонамон ҳатто фикр фарзандонро ҳам накарда, ба эҳсосот роҳ медиҳанду даст ба худкушӣ мезананд.
- Аммо ҷиҳати бармаҳал ҷудошавии навхонадорон аз чӣ аст?
- Иллати ҷудошавии барвақтии навхонадоронамон нахуст дар он ҳаст, ки хело ҳам барвақт шиносоӣ пайдо мекунанд. Сипас дар ҳамзистӣ аҳд мебанданд. Агарчи ба ин иқдоми ҷиддӣ ё худ тағйироти бунёдӣ дар ҳаёт тамоман омода нестанд. Ва гоҳҳо он як моҳ ҳам давом наёфта, сарнавишти оилаҳои навбунёд хотима меёбад. Амсоли чунин тарзи шиносоӣ ё худ «ошноии фосилавӣ» шабаки интернет ҳаст, ки дар он метавон аз зоҳири хеш шакли зебое сохт. Ва худро комилан инсони хубе муаррифӣ кард. Аммо гап сари он меравад, ки хулқан навҷавонон аз симои ҳамдигар хабардор набуда, ба ҳаёти мусолиматомез тайёр нестанд.
Феълан баъзе ҷавонписарони мо бештар тамоюл ба зиндагии иҷборӣ доранду намехоҳанд, ки духтарон баъди навхонадоршавӣ фазои озод дошта бошанд. Аммо духтарон баръакс дар талаби ҳайёти худихтиёрву ҳамият мешаванд. Аз ҷониби дигар наслҳои қаблӣ ба ҳар печу хами сарнавишт ва мушкилоти он тоб оварданд, то оилаҳояшон пароканда нашаванд. Ғайр аз он ҳолате, ки агар зӯроварӣ ба дараҷи боло расиду зан аз шавҳар воқеан ҳам осеб медид. Ва волидайни завча пеши падару модари ҳамсари ӯ омада, сипас ба қароре расида, духтарашонро мебурданд. Яъне солҳои пешин ҷудошавии оилаҳо дар Бадахшон амалан кори авлодон буд ва бевосита бо ризоияти волидони зану шавҳар ҳалли худро меёфт.
Агарчи дар гузашта чанд оила дар дохили як оила мезистем ва чунин фазои оилавӣ моро қонеъ мекард. Аммо насли имрӯз бавижа ҷавондухтарон бо ин тарзи анъанавӣ зиндагӣ кардан намехоҳанд. Онҳо нияти ҳайёти ҷудогона ва гароиши мустақилиятро доранд. Якҷо зистан бо волидони ҳамсараш қатъиян рад мекунанду ба он омодагӣ ҳам надоранд. Гарчанде як хелашон мефаҳманд, ки Бадахшон шароити Аврупо надорад. То навхонадорон фавран хонаи худдӣ дошта бошанду равобити соҳибихтиёрӣ ва худкомиро бисозанд. Яъне барои ҷавонзанон нахуст лозим аст, ки муносибати оилавиро бо волидони ҳамсар ва наздикони ӯ барқарор созанд.
- Яъне, Шумо бар онед, ки шароити кунунии ҷавонон зиёдтар ба издивоҷи насиҳатомез рост меояд?
- Баъзан волидон бо розигии фарзандаш ҷуфти муносибро ихтиёр мекунанду дар бисёр ҳолатҳо маҳз ин иқдом барор мегирад. Чунки онҳо батадриҷ бо ҳам шиносоӣ пайдо карда, ба ҳайёти осоишта омӯхта мешаванд. Дар дигар ҳодисаҳо навхонадороне, ки қаблан ба умеди муҳаббати ҳамдигар буданд. Баъди маросими тӯй мехоҳанд зиндагии шоҳона дошта бошанд. Аммо воқеият чунин ҳаст, ки пеш аз ҳамзистии навхонадорон ҳаёт паҳлӯҳои дигар дораду баъди бунёди оила ранги дигар мегирад. Ва навхонадороне, ки қаблан изҳори муҳаббат карданд. Баъди он интизориҳои беше аз ҳамдигар доранд. Дар ин сурат барои амалӣ шудани онҳо боз тобоварӣ наёварда, байни ҳам кашмакашиҳо даровехта, хушунат дар оила оғоз меёбад. Ва он албатта ба ҷудошвии оилаҳои навбунёд оварда мерасонад.