“Нархи зангҳои телефонӣ ва иҷора дар Тоҷикистон боло меравад”
Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси андози кишварро тасвиб намуд, ки тибқи он андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3% ба 5 % расонда мешаванд. Тибқи тағйироти нав, ки аз аввали соли оянда мавриди амал қарор мегиранд, андози иҷора дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе низ боло хоҳад рафт.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия зимни муаррифии тағйирот изҳор дошт, ки минбаъд аз даромадҳои Бонки Миллӣ, аз фурӯши саҳмияю иншоот низ андоз ситонда мешавад. Ӯ илова намуд, ки тағйироти нав низоми бозпас овардани сармояҳо аз минтақаҳои офшориро низ содда мекунанд.
Дар ҳамин ҳол коршиносон дар Тоҷикистон болоравии тамосҳои телефониро пешгӯӣ мекунанд, зеро дар гузашта зимни роҳандозии аксизи сефоизӣ ширкатҳои мобилӣ нархи тамосҳоро боло бурданд. Бисёри таҳлилгарон муътақиданд, ки ин таҷриба боз такрор шуда, зарбаи асосӣ аз навовариҳо ба кисаи мардум хоҳад расид.