Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон унвонии Ҳомид Карзай, райисҷумҳури давлати исломии Афғонистон дар робита ба марги Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раҳбари ин кишвар, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон барқияи тасаллият ирсол дошт.
Дар нома аз ҷумла омадааст, «Ҷалолатмаоб, бо андўҳи азим ва даҳшату ғазаб хабари марги фоҷиабори собиқ раисҷумҳури давлати Исломии Афғонистон устод Бурҳониддини Раббониро дарёфт намудам.Профессор Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд. Нақши ин абармарди олами сиёсат дар ҷустуҷўи беҳтарин роҳҳои истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон лоиқи достонҳост, чун охирин маснаде, ки марҳум дошт, вазифаи Раиси Шўрои Олии Сулҳ дар кишвар буд. Душманони ободиву осоиши Афғонистон устод Раббониро ҷисман аз байни мо рабуданд, вале ёди поки ў дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд ва муборизони асилро барои кору пайкор ҷиҳати таъмини сулҳу салоҳ ва шукуфоии Афғонистон солҳои мадид рўҳбаланд хоҳад кард. Хоҳишмандам, таъзия ва тасаллияти самимии инҷониб ва мардуми Тоҷикистонро бо ин талафоти ҷуброннопазири мардуми Афғонистон бипазиред ва ба ёру наздикони марҳум бирасонед.Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун».
Тибқи иттилои расонаҳо, Бурҳонуддини Раббонӣ пас аз зӯҳри рӯзи сешанбе (20-уми сентябри соли 2011) дар манзили зисташ дар Кобул ҳангоми мулоқот бо намояндагони Толибон кушта шуд. Ин ҷунбиш масъулияти қатли Раббониро ба ӯҳда гирифт ва гуфтааст, ба хотири ба даст овардани эътимоди раиси Шӯрои Олии Сулҳ як ҳайъатро ба наздаш фиристод, ки гӯё ба музокирот бо давлат алоқа нишон медод, вале дар асл фақат қасди куштани ӯро дошт.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ҳаракати Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба хабаргузории «Рейтерс» гуфтааст, Раббонӣ ҳамагӣ 3 қадам ба сӯи Муҳаммадмаъсум гузошта буд, ки ҷомаи ҳомили маводи мунфаҷираро тарконданд.{jathumbnail off}