АКС: Охунов аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид
Турабек Охунов, ки Шуҳрат Қудратов, собиқ вакили дифои бародари зиндонияш Ҷурабек Охуновро дар қаллобӣ муттаҳам мекард, имрӯз, 24-уми декабр дар додгоҳи шаҳри Душанбе аз даъвояш даст кашид. Турабек Охунов қаблан иддао дошт, ки Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш - собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст.”
Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, ки аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид ва маблағҳоро низ бахшидааст. Охунов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, “ман ҳоли Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро карда, аз даъвоям даст кашидам.”
Дар посух ба суоли “Озодагон”, ки чаро аз аввал ба мақомот шикоят бурдед, Охунов изҳор дошт, ки “ман қаблан бо Қудратов дар мавриди ин маблағҳо суҳбат кардам, аммо ӯ зиёдаравӣ карда, таъкид намуд, ки куҷое хоҳӣ муроҷиат кун. Ин суду ина дигар мақомот. Ин боис шуд, ки ман муроҷиат кардам.”
Охунов дар маҷмуъ изҳор дошт, ки Қудратов вакили дифои хуб аст ва аз хизматҳояш дар давоми 20 моҳ, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш машғул буд, розӣ аст. Ӯ илова намуд, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш бо ҳудуди 20 вакили дифоъ суҳбат кардааст, ки бархеяшон дар як моҳ то 6 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунанд.
Дар пайи даст кашидани Охунов аз даъво додрас мурофиаи навбатиро соати 1:30-и 25-уми декабр таъин кард. Шуҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ боздошт шуда, аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам мешавад.