Душанбе ба нону нафти Покистон рӯй овард
Душанбе, ки феълан пойбанди маҳсулоти гандумии Қазоқистон ва маводи нафтии Русия аст, азм дорад воридоти ин маҳсулотро бо нархҳои арзонтар аз Покистон роҳандозӣ кунад.
Нурмуҳаммад Аҳмадов, раиси Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон, ки дар садри як гуруҳи корӣ дар Исломобод қарор дорад, вазъи амнияти озуқаворӣ дар кишварамонро нигаронкунанда хонда, аз азми Душанбе барои ворид кардани гандуму шакар аз Покистон хабар додааст.
Оқои Аҳмадов ин нуктаро зимни вохурияш бо Искандар Ҳаётхон Босан, вазири амнияти миллии озуқаворӣ ва пажуҳиши Покистон дар Исломобод баён доштааст.
Нурмуҳаммад Аҳмадов изҳор доштааст, ки танҳо дар 7%-и қаламрави Тоҷикистон имкони кишт вуҷуд дорад ва ин аст, ки имрӯз кишвари мо ба воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ниёз дорад. Ба гуфтаи раиси Оҷонсии захираҳои моддии кишвар, мақомоти Тоҷикистон азм доранд, аз Покистон 1 миллион тона гандум ва шакар ворид намоянд.
Дар ҳамин ҳол, вазири амнияти миллии озуқавории Покистон низ аз ин азми ҳамтоёни тоҷикаш истиқбол карда, омодагии кишвараш барои афзоиши содироти гандум ва шакар ба Тоҷикистонро эълон доштааст. Ӯ афзудааст, “гандуми Покистон яке аз навъҳои беҳтарин дар олам ба шумор рафта, Исломобод аз содироти як миллион тонна гандум ба Тоҷикистон бисёр хушҳол мешавад.”
Оқои Босан инчунин таъкид кардааст, ки Покистон 1,7 миллион тонна шакари навъи беҳтаринро дорад ва омодааст, онро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир намояд.
Дар ҳамин раиси Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон дар доираи ин сафараш ба Исломобод бо Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири обу энержии Покистон низ мулоқот кардааст. Аҳмадов дар суҳбат бо Осиф масъалаи интиқоли нафти хом аз Кувайт ба Покистон, коркарди он дар корхонаҳои нафти Покистон ва интиқоли минбаъдаи маҳсулотиро нафтиро ба Тоҷикистон дар миён гузоштааст. Яъне Тоҷикистон қасд дорад, аз Кувайт нафти хом ба Покистон ворид карда, баъд аз коркард дар ин кишвар онро ба Душанбе интиқол диҳад. Вазири обу энержии Покистон низ изҳор доштааст, ки кишвараш аз ин ташаббуси Тоҷикистон бисёр қадр карда, аз омодагии худ барои ҳамкорӣ дар ин соҳа ва фароҳам намудани тамоми имконот хабар медиҳад.