Муҳаммадҷони Нурӣ: Ҳадафи “Давлати исломӣ” ноором кардани минтақа аст
Хабарҳои инфиҷорҳои пай дар пай ва куштор дар гӯшаву канори олам хатари терроризми байналмиллалиро боз ҳам ҷиддитар кардааст. Куштори бераҳмонаи беш аз сад донишомӯз дар Пешовари Покистон амали нангин ва дуру бегона аз ҳама гуна динҳои ҷаҳонӣ, ба хусус Исломи азиз мебошад. Амалҳое, ки бо ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дар Ироқу Сурия зери парчаму шиорҳои исломӣ анҷом медиҳад, дур аз фармудаҳои Худову Расуланд. Мутаасифона, аз ин рафтори ноҷои чанд силоҳбадаст, ки марзу буме барои худ қоил нестанд ва аз қавму миллатҳои гуногун ҷамъ омадаанд, тангназарону тундагароҳои дунявӣ ба нафъи худ истифода намуда, мехоҳанд чеҳраи Исломи азиз ва ҳизбу ҳаракатҳои муътадили исломиро доғдор нишон бидиҳанд ва борони таҳқиру туҳмат ва носазоигӯиро болояшон бирезанд.
Онҳое, ки аз равандҳои муосири ҷаҳон огоҳӣ доранд ва ҳаводиси панҷ соли ахири Ироқу Сурияро ҳамаҷониба таҳлил кардаанд, ба хубӣ медонанд, ки идея ва ташкили бо ном “Давлатӣ исломӣ дар Ироқу Сурия” моли кадом кишварҳост. Имрӯз бо вуҷуди муборизаҳои дастаҷамъӣ алайҳи ин гуруҳ пешравиҳо назаррас нест. Ҳамарӯза дар мавриди куштору бераҳмиҳои “Давлати исломӣ” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО-и гуногун хабарҳои зиёде нашр мегардад. Аз як тараф гӯиё бо паҳни чунин маълумотҳо мехоҳанд чеҳраи Исломро торик нишон диҳанд, аз тарафи дигар миёни ҷавонон ва табақаҳои гуногуни аҳолии кишварҳои мусалмонишин ҷонибдорон ва ҳаводорони ин гуруҳ рӯ ба афзоиш аст. Ҳамагуна муносибат дар ин замина аз ҷонибҳои гуногун муғризона ба назар мерасад. Имрӯз суҳбату андешаҳои бархе коршиносон низ пароканда ва берун аз таҳлилҳои амиқу ҷиддӣ аст. “Давлати исломӣ” алайҳи мусалмонҳо, ҳизбҳо, ҳаракатҳо ва ҳатто руҳониёни саршинос чун дастак истифода мешавад ва бештари кишварҳо аз ин тариқ мехоҳанд ҳузури Исломро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва зиндагии мардум камранг созанд ва ё комилан аз байн бубаранд, ки амали бисёр хавфнок аст. Онҳо бо ин амал метавонанд монанд бо гуруҳи “Давлати исломӣ”- ро дар дилхоҳ минтақа ба вуҷуд биёранд ва контроли онро аз даст бидиҳанд, ки дар натиҷа буҳронҳои гушношунид ба вуҷуд меояд.
Ончи ки имрӯз аз ҷониби чунин гуруҳҳо бисёр хатарнок аст, идеологияи онҳо мебошад. Хусусан, “Давлати исломӣ”, ки аз шаҳрвандони Чин сар карда то шаҳрвандони Амрикову Аврупо шомили он ҳастанд ва зери як парчам ва идеология меҷанганд. Аз ин маълум мешавад, идеологияи ин гуруҳ аллакай оҳанинтарин марзҳоро убур кардааст. Онҳое ки ҳазорҳо километр роҳро ба воситаҳои гуногун тай намуда, ба ин гуруҳ мепайванданд, мақсади истироҳату корро надоранд, балки дидаву дониста худро ба оғуши марг меандозанд. Аз ин маълум мешавад, идеология ва таблиғи онҳо дар сатҳи баланд аст. Дар баробари онҳо дигар идея ё идеология заиф ё шикаст хурдааст.
Андешаву таҳлилҳо дар Тоҷикистон аз замони пайдоиши ин гуруҳ ва ҳаводиси Ироқу Сурия гуногун аст. Тибқи омори расмӣ, ҳудуди сесад шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷангҳо ширкат меварзад. Шояд ин рақам бештар ҳам бошад ва касе кафолат намедиҳад, ки дар оянда бештар намешавад. Вақте ба баҳсу мунозираҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ мекунед, маълум мегардад, ин гуруҳ тарафдорони худро дорад. Мутаасифона, баъзеҳо ҲНИТ ё руҳониёни маъруфи кишварро сабабгори ҷалби ҷавонон ба ин гуруҳҳо медонанд. Дар навбати худ, қисме мегӯянд, фақру бекорӣ ва заъфҳои ҳукумат ҷавононро барои рафтан ба ҷангҳо маҷбур мекунад. Дар ҷомеаи мо одат шудааст, ки камбудӣ ва гуноҳи худро болои дигарон бор кунем. Душмантарошиҳо, туҳмату таҳқиркарданҳо, ба ҳабс кашиданҳо роҳи ҷилавгирӣ аз гуруҳои ифротӣ нест. Баракс, ин ҳолатҳо вазъиятро буҳронитар мекунад.
Ба шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар роҳ надодани руҳониён, маҳдуд кардани фаъолияти донишмандоне, ки дар ҷомеа суханашон вазн дорад, вазъиятро буҳронитар мекунад. Ин ҳарфи нав нест, аммо бо таваҷҷуҳ ва вазъияти минтақа ва ҷаҳон бори дигар таъкиди ин нукта зарур аст. Ин мавзӯъҳо метавонад вазъиятро ба самти манфӣ тағйир диҳанд.
Ҳукумат бояд дари муколама ва гуфтугӯро боз кунад. Формат ва чаҳорчубаи ин муколама бояд муайян шавад. Дар якҷоягӣ роҳи ҳалли мушкилоти ба вуҷудомада, хусусан пайвастшавӣ ва ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиро бояд муайяну мушаххас намуд. Шояд имрӯз вазъият ором менамояд, гӯиё чизе рух надодааст ё намедиҳад, аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳодисаҳо хеле зуд ба амал меоянд. Мо дар кишваре зиндагӣ мекуненм, ки ҳамсояамон Афғонистон рӯбарӯи чолишҳои бузург қарор дорад. Таҳдиди Толибон торафт бештар мешвад ва дар сафи он шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳаст. Касе кафолат дода наметавонад, ки вазъияти дар Ироқу Сурия ба амаломада, фардо дар ин минтақа ба вуҷуд намеояд. Яке аз ҳадафҳои стратегии “Давлати исломӣ” Афғонистон ва ноором кардани минтақа аст. Аз ин хотир ҳамкории зичи ҳукумат бо ҲНИТ ва руҳониёну пешвоҳои шинохтаи кишвар бисёр зарур аст. Як давлат чӣ ки даҳо кишвар дар баробари чунин артиши басиҷшуда, назири “Давлати исломӣ” ё “Ал-Қоида”-ву Толибон душворӣ мекашанд.
Муҳаммадҷони НУРӢ