Дастдарозии марди 72-сола ба духтарчаи 6-сола дар масҷид
Мақомоти пулиси Тоҷикистон як пирамарди 72-соларо дар дастдарозӣ ба духтарчаи ноболиғ дар ҳамомхонаи масҷид муттаҳам мекунад.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба мақомот сокини 42-солаи ноҳияи Панҷ муроҷиат карда, арз доштааст, ки рӯзи 23-юми декабр, тахминан соати 10:30-дақиқа Ҷ.Қ. сокини 72-солаи ноҳия аз ҳолати оҷизонаи духтари 6-солааш истифода карда, ба ҳамомхонаи масҷид бурда, нисбаташ ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.