Ҳимояти СММ аз ташаббуси нави Душанбе дар мавриди об
Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистонро, таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” 2005-2015 ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” бо иттифоқи оро қабул кардааст.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудааст, ташаббуси нави Душанбе дар СММ ҳимоят ёфта, зиёда аз панҷоҳ кишвари узви СММ, аз ҷумла Австралия, Арманистон, Алҷазоир, Афғонистон, Бангладеш, Белорус, Боливия, Маҷористон (Венгрия), Венесуэла, Гурҷистон, Зеландияи Нав, Индонезия, Ироқ, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Куба, Кувайт, Малайзия, Марокаш, Молдова, Монтенегро, Муғулистон, Озарбойҷон, Парагвай, Покистон, Қатар, Молдова, Русия, Ҷазираҳои Сейшел, Сенегал, Сингапур, Сурия, Судон, Таиланд, Тимор-Леште, Того, Туркманистон, Украина, Филиппин, Финляндия, Ҳаити, Ҳиндустон, Хорватия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эритрея, Эрон, Яман ва Ҷопон ба рӯйхати ҳаммуалифони он дохил гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ дар доираи қатънома барои дастрасӣ ба рушди захираҳои обӣ баргузории ду чорабинии сатҳи баланд, яке дар Ню-Йорк - Муколамаи сатҳи баланд дар Маҷмааи умумии СММ, моҳи марти соли 2015 ва дигаре дар Душанбе - Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, моҳи июни соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.