Қувватов: Бисёриҳо медонистанд, ки ман дар Истанбулам
Мақомоти Тоҷикистон иддаои Умаралӣ Қувватов, раҳбари боздоштшудаи созмони экстремистии “Гуруҳи 24”-ро рад карда, таъкид мекунанд, ки то ҳол дархосте барои истирдоди Қувватовро аз Туркия пешниҳод накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки худи Қувватов бо пахши як иттилоия аз СИЗО-и Туркия изҳор дошт, ки таҷрибаи Дубай дар Истанбул ҳам такрор шуда истодаасту мақомоти тоҷик барои истирдодаш ба Душанбе талошҳо доранд. Раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” дар мавриди боздошташ гуфтааст, ки ӯ ва ҳамроҳонашро пулиси Туркия соати 8:30-и 19-уми декабр барои санҷиши аснод ба милисахона овардаанд ва то ҳол низ дар СИЗО нигоҳдорӣ мешавад.
Ӯ таъкид мекунад, ки аз иқоматаш дар Туркия бисёриҳо хабар доштанд: “Ман дар Истанбул қарор доштанамро аз аввал пинҳон накардаам ва аз ин бисёриҳо огоҳ буданд.”
Дар ҳамин ҳол созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, то ҳол алайҳи Қувватов ба ҷуз нақзи қоидаҳои будубош иттиҳоми дигаре эълон нашудааст.
Қувватов тасдиқ карда, ки воқеан муҳлати қайдаш дар Туркия ба охир расидааст.
Ба иттилои манобеъ рӯзи 19 декабр дар баробари Қувватов се тан аз ҳамроҳонаш -Ҳусайн Ашурови 33-сола, Суҳроб Тураеви 36-сола ва Абдурашид Ҳомидови 25-сола боздошт шудаанд, ки аз онҳо ҳамчун узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи “Гуруҳи 24” ном бурда мешавад.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Туркия риояи ҳуқуқи боздоштшудагонро талаб намуда, зикр мекунанд, ки Қувватов барои дарёфти мавқеи гуреза ба дафтари дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиат карда, феълан интизори натиҷааш аст.
Дар Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва аъзои “Гуруҳи 24”, ки 9-уми октябр аз ҷониби Додгоҳи Олӣ экстремистӣ эълон шудааст, дар ҷиноятҳои вазнини зидди сохти конститутсионӣ муттаҳам мешаванд. Қаблан Додситонии генералии Тоҷикистон гуфт, “прокуратураи генералӣ маводи ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, мақсади асосии “Гуруҳи 24” бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Қувватов ва дигар намояндагони ин гуруҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми Тоҷикистонро ба бетартибиҳои оммавӣ, рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.
Ин ниҳод таъкид кард, ки баробари ин Умаралӣ Қувватов барои ҷиноятҳои дигар, аз қабили қаллобӣ ва азхудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад.