Дастури вазир ба сардори нави оташнишонӣ дар бораи бозорҳо
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ба сардори навтаъини Хадамоти оташнишонии кишвар, полковник Нозим Маҳмадов дастур додааст, ки дар фаъолияташ бештар ба бозору нуқтаҳои савдо таваҷҷуҳ кунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Раҳимзода ҳодисаҳои рӯзафзуни сӯхторҳо дар бозорҳоро мояи нигаронӣ хонда, таъкид намудааст, ки чораҳои пешгирикунандаи сӯхтор суст ба роҳ монда шудаанд. Вазир ба Маҳмадов супориш додааст, ки ин камбудиҳоро ислоҳ кунад.
Ин дар ҳолест, ки ҳодисаҳои сӯхтор дар бозорҳои Корвон, Панҷшанбе, Саховат ва дигар бозорҳои кишвар тайи солҳои охир хисороти зиёд оварда, боиси норозигии тоҷирон шуда буданд.