“Бо ширкат дар интихобот, онҳо парлумони дур аз мардумро машруъияти қонунӣ мебахшанд”
Ахиран, чанд ҳизби сиёсии Тоҷикистон бо баргузории анҷуманҳои худ аз омодагӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015 хабар дода, рӯйхати номзадҳояшонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ оммавӣ карданд. Дар зимн, “Озодагон” аз се соҳибназар пурсид: Аҳзоби сиёсӣ дар интихобот ба чӣ умед мебанданд?
Ҷӯра Юсуфӣ, таҳлилгар
Интихобот барои ҳар ҳизби сиёсӣ як маъракаи имтиҳон ба ҳисоб меравад ва интихоботҳое, ки дар замони истиқлолият дар Тоҷикистон баргузор гардиданд, то андозае қудратнамои аҳзоби сиёсии кишвар буданд. Аксаран аҳзоби сиёсӣ, ки барандаи интихобот намешуданд, даъво мекарданд, интихобот шаффоф набуд ва ҳизби баранда ё худ ҳизби хоким аз фишангҳои ҳукуматӣ фаровон истифода мебурд. Таъкидҳои ҳамешагии президент дар арафаи интихобот барои одилона ва шаффоф баргузор намудани интихобот шояд то андозае аҳзоби оппозитсиониро умедвор мекунад, ки дар интихоботи навбатӣ фаъолона ширкат варзанд.
Алӣ Мастов, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Ман дар инҷо чизе ҷуз бозии ҳизби ҳоким (боварии президент) намебинам. Бо ширкати худ дар интихобот, онҳо парлумони дур аз мардумро машруъияти қонунӣ мебахшанд. Ин ҳамон чизест, ки дар фаъолияти аҳзоби мухолиф дида мешавад.
Султони Ҳамад, коршиноси масоили амниятӣ
Ба фикри мо ҳар ҳизб бо умедвориҳои ба худ хос вориди интихоботи парлумонӣ мешавад. Табиист, Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо умеди афзун кардани теъдоди вакилонашон дар Маҷлиси намояндагон вориди ин сабқат мешаванд. Ба хусус коммунистҳову наҳзатиҳо. Дигар аҳзоб низ ҳамин гуна ҳадафро дар пеш гузоштаанд. Албатта ба ҷуз он ҳизбҳое, ки то ҳол дар парлумон намояндаи худро надоранд. Ин аҳзоб бошанд, бо он умед ба интихобот мераванд, ки аққалан соҳиби курсие шаванд. Умеду орзуҳо он вақт ҷомаи амал мепӯшанд, ки сухани чанде пеш изҳор намудаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъмини шаффофияти интихобот ва ба ҳама ҳизбҳо додани имконияти баробар дар раванди интихобот дар сухан намонаду аз ҷониби масъулини баргузории интихобот воқеан татбиқ шавад. Онро дар ҳамаи ниҳодҳои интихоботӣ, ҳавзаҳову қитъаҳо сармашқи кори худ қарор бидиҳанд. Дар сурати ғайр ҳама умедҳо ботил хоҳанд буд.