Оғози ҷаласаи Шӯрои СААД дар Кремл
Ҷаласаи Шӯрои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Кремл бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, Александр Лукашенко, Алмосбек Отамбоев, Нурсултон Назарбоев, Серж Саргсян ва дабири кулли созмон Николай Бордюжа оғоз гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон феълан дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, зеро раисӣ дар ин созмон аз имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Ба иттилои манбаъ тибқи оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳар як кишвари узв бо навбат ба муддати як сол раёсат дар ин созмонро ба уҳда мегирад ва то охири соли 2015 дар ҳамаи мақомоти ин созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои масъулини Кремл дар ҷаласа сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Белорусия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон баробари вазъи феълӣ инчунин дурнамои роҳбарии Тоҷикистонро дар СААД баррасӣ хоҳанд кард: “Аз ҷумла раҳбарони кишварҳои узв иҷрои қарор дар бораи ироаи кӯмаки техникӣ-низомӣ барои таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистонро муҳокима мекунанд. Инчунин ба сатҳи омодагии нерӯҳои фаврии ин созмон барои ҳалли вазифаҳои гузошташуда баҳо дода мешавад.”
Дар ин мулоқот инчунин қабули қарор дар мавриди “Маркази ҳамоҳангсозию машваратии СААД оид ба масоили компютерӣ” дар назар аст, ки барои мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ равона шудааст. Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаи роҳандозии амалиёти доимии “ПРОКСИ” ба зидди киберҷинояткорӣ ҳал шавад.
Дар маҷмуъ ба иттилои Кремл дар пайи ҷаласаи Шӯро имзои 22 санад, аз ҷумла изҳороти сарони кишварҳои узв, 19 қарор ва ду эъломия дар назар аст.