Ду моҳ ҳабси пешакии Бурҳон Абдуллоев, яке аз моликони бозори “Ином”
Бурҳон Абдуллоев, соҳибкори тоҷик, ки барои бозори “Ином”-и Шаҳритус бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент кашмакаши додгоҳӣ дорад, ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили хонаводагии Абдуллоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, зерҳимояи ӯ бидуни асос бо қарори додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 22 декабр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ба гуфтаи Ёров, додгоҳ далели ба ҳабси пешакӣ гирифтани Бурҳон Абдуллоевро эҳтимоли халал расонидан ба раванди тафтишот ва таъсир ба шоҳидии шоҳидон арзёбӣ кардааст. Аммо вакили хонаводагии Абдуллоевҳо ин ҳамаро беасос хонда мегӯяд, “дар ин қарор омадааст, Абдуллоев ҳангоми дар озодӣ буданаш ҳаракати халалдоркунанда дар пешбурди парванда мумкин расонад, аниқ намегӯянд, ки расонад, мегӯянд, мумкин, ҳоло он ки додгоҳ набояд дар қарораш аз калимаҳои шубҳаовар истифода кунад. Бояд аз калимаҳои қотеъ истифода шавад. Боз омадааст, ки шояд ин одам аз мақомот ва додгоҳ дар раванди тафтишоти пешакӣ барои он ки алайҳи ӯ парвандаи ҷиноии дараҷаи миёна боз шудааст, пинҳон шавад, боз гуфта шудааст, зерҳимояи мо ҳамчун директои генералӣ метавонад ба шоҳидии шоҳидон таъсир расонад, дар ҳоле ки инҷо ягон шоҳид нест ва танҳо афроди бо бензин боздоштшуда қарор доранд, шояд ин боздоштшудаҳо қасди дуздии бозор ва нест кардани нишонаҳои амалашонро доштанду акунун ки ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, нафари дигарро туҳмат доранд. Мо ҳоло далел овардем, ки аз моҳи апрел то 16 декабри соли равон забонхат дар бораи тарк накардани маҳали зист доштанд”.
Ҷаноби Ёров мегӯяд, онҳо аз ин қарори додгоҳи вилояти Хатлон ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд. Вакили дифоъ дар шарҳи бедарак шудани зерҳимояи худ аз шаҳри Душанбе ва пайдо шуданаш дар Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон илова кард, Бурҳон Абдуллоев рӯзи 19 декабри соли равон аз сӯи Толиб Назаров, муовини сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ва яке аз кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии ин минтақа боздошт ва ба шаҳри Қурғонтеппа интиқол дода шудааст. “Абдуллоев мегӯяд, ӯро Толиб Назаров ба дохили мошин даъват карда, баъди ворид шуданаш ба дохили мошин телефони ӯро аз дасташ гирифта, хомӯш кард ва бо худ ба Қӯрғонтеппа бурд. Ҳатто нагузоштаанд, ману завҷаашро, ки дар бинои додгоҳи иқтисодӣ будем, огоҳ кунад ё ҳатто калиди мошинро монад”,- афзуд Ёров.
Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.