ФМС аз 140 донишҷӯи тоҷик танҳо ба 62 нафар иҷозаи вуруд ба Русияро додааст
Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия (ФМС) баъди дархости ҷониби Тоҷикистон аз 140 донишҷӯи тоҷик, ки давоми соли равон аз ин кишвар ихроҷ шудаанд, ба 62 нафар дубора иҷозаи вуруд ба қаламрави кишварашро додааст.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз, 23 декабр ба “Озодагон” гуфт, аксари ин донишҷӯён, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия таҳсил мекарданд, бо далели надонистан ва вайрон намудани қоидаҳои буду бош ва ҳангоми гузаштан аз сарҳади Русия ба Белорус
дар рӯйхати ихроҷшудаҳо қарор гирифтаанд. Абдулло Қодирӣ мегӯяд, барои дубора ворид шудани донишҷӯён ба қаламрави Русия ва идомаи таҳсили онҳо унвонии Хадамоти федералии муҳоҷират нома ирсол шуда буд ва ин ниҳод танҳо ба 62 донишҷӯи тоҷик иҷоза дода, тақдири 78 нафари дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Манбаъ мегӯяд, давоми соли 2014 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 66587 нафар барои ҳалли масъалаҳои гуногун муроҷиат намудаанд: “Аз шумораи умумӣ 9509 нафар тариқи шифоҳӣ, 789 нафар хаттӣ ва 6289 нафар тариқи телефони боварӣ муроҷиат карданд. 62440 нафари онҳо мард ва 4147 каси дигар занҳо буданд”.