Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО
Муҳаммадамин ТИЛАВЗОДА
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори тоҷик дар суҳбати “фаротар аз сиёсат”-и Озодагон дар хусуси рози муваффақият ва баъзе ҷузъиёти зиндагиаш гуфт. Ӯ аз даврони донишҷӯӣ, шуғл, фаъолияти корӣ ва ҳаёти хусусиаш нақл кард. Суоли аввали мо ин буд, ки Ойниҳол Бобоназарова ба таърифи худаш кист?
Ойниҳол Бобоназарова: “Ойниҳол як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Шарҳванде, ки бисёр Ватани худ, дӯстони худ ва мардуми Тоҷикистонро дӯст медорад, хусусан ҷавононро. Ман солҳои зиёд дар факултаи ҳуқуқшиносӣ бо ҷавонон кор кардам, аз ин рӯ ҷавононро бештар эҳтиром мекунам. Дар воқеъ, Ойниҳол як зани одӣ аст, ки роҷеъ ба бисёр масоил нигоҳ ва роҳи махсуси худро дорад. Ойниҳол модар ва бибӣ аст, Ойниҳол завҷа аст. Ойниҳол духтари модараш аст, ки Худоро шукр мегӯям, 92-солаанд”.
Озодагон: Шумо аз зумраи заноне будед, ки мустақилона вориди майдони сиёсат шудед. Фаъолият кардан дар арсаи сиёсат бароятон мушкил набуд?
Ойниҳол Бобоназарова: “Агар суолро ин тавр гузорем, ки имрӯз занҳо дар саҳнаи сиёсат каманд, дуруст мешавад. Аммо ин гуноҳи занон нест, зеро дар ҷомеае, ки баъзан мардсолорӣ ҳам вуҷуд дорад, қисми зиёди занҳо тавақуъи дастгирӣ ва пуштибониро доранд. Дар ин замина ҳукумат бояд барномае дошта бошад, ки занҳоро пуштибонӣ кунад. Баъзан на барои ҳамаи занҳо сиёсат маъқул аст. Чун ақидае вуҷуд дорад, ки гӯё “сиёсат ифлос” аст, ки ман муқобили ин ҳарфам. Дар ҷаҳон шахсиятҳои бузурге буданд, ки ба сиёсат даст заданд ва имрӯз сиёсатмадор ҳам ҳастанд. Барои худи ман сиёсат ин зиндагӣ мебошад. Яъне, агар аз сиёсат бигрезӣ, сиёсат туро медорад. Зеро ҳар сухан ва коре, ки мо мегӯем ё анҷом медиҳем худ сиёсат мебошад. Вақте дар хона барқ нест, маҷбур ҳастӣ фикратро нисбат ба “Барқи тоҷик” бигӯӣ, ки ин худ сиёсат мебошад. Яъне, аз сиёсат гурехта намешавад. Замоне, ки дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекардам, ин факулта худ маркази сиёсат буд ва ман наметавонистам аз сиёсат берун бошам”.
Озодагон: Замоне ки Шумо ба сиёсат ворид шудед вазъият ҳассос буд, яъне солҳои аввали истиқлолият. Он замон худ тасмим гирифтед, ки ба сиёсат ворид шавед ё бо тақозои замон вориди он шудед? Ва баъди фаъолиятҳои тулонӣ дар арсаи сиёсат ягон маротиба таассуф хурдед, ки ба сиёсат ворид шудаед?
Ойниҳол Бобоназарова: “Дар бисёр мавридҳо сиёсатмадорро месозанд. Имрӯз низ институтҳое вуҷуд дорад, ки аз як шахсияти ҳатто хеле камқувват ва камзарфият, ки дар сиёсат муваффақ нест, як сиёсатмадори машҳур месозанд. Ин технологияи асри 21 аст. Мумкин баъзеҳо модарзод сиёсатмадор бошанд. Яъне, баъзеҳо дар ҷавонӣ нисбат ба ин ё он масъала фикри худро мегӯянд. Рости гап, вақте дар мактаб мехондам хеле фаъол будам, пионеркаи фаъол, комсомолкаи фаъол будам. Дар вақти донишҷӯӣ мо оид ба ин ё он масъала ҳамеша бо дӯстон суҳбатҳо мекардем, яъне, ҳеч кас маро ба сиёсат даъват накардааст, ман худ ба сиёсат қадам мондам ва ягон маротиба афсус ҳам нахурдам. Аз ин рӯ роҳе, ки тай кардам боиси ифтихори ман аст”.
Озодагон: Рози муваффақияти Шумо дар арсаи сиёсат дар чӣ аст, чун бисёриҳо мегӯянд, як зан ба сахтӣ метавонад дар арсаи сиёсат муваффақ шавад?
Ойниҳол Бобоназарова: “Гап дар сари он аст, ки ман муваффақ нестам. Чун ончи мехоҳед анҷом диҳед, аз шумо вобаста нест. Ман бисёр орзуҳо ва мақсадҳо доштам, аммо натавонистам амалӣ созам. Шояд ин то як дараҷа камбудии ман аст, аммо аз ман вобаста набуд. Бинобар ин, дар назди виҷдони худ соф ҳастам, ки ончи аз дастам сохта буд, анҷом додам, ончи аз дастам сохта набуд анҷом дода натавонистам. Бинобар ин маро муваффақ номидан дуруст нест, зеро роҳи сиёсате, ки ман қадам задаму тай кардам, хеле пастиву баландиҳо дошт ва ман натавонистам ормонҳоямро таҳаққуқ бубахшам. Аз ин рӯ орзу мекунам ҳар зани тоҷике, ки ба майдони сиёсат ворид мешавад ба баландиҳо бирасанд”.
Озодагон: Таъкиди мо ин аст, ки Шумо нахустин зан дар Тоҷикистон будед, ки ба ҳайси номзади интихоботи президентӣ пешниҳод шудед ва рози ин муваффақият дар чӣ буд?
Ойниҳол Бобоназарова: “Агар зан ба сиёсат ҳамчун зан ворид шавад, муваффақ намешавад. Ҳар зане, ки мехоҳад имрӯз депутат ё номзад ба мақоми президентӣ шавад, пеш аз ҳама мутахассиси хуб бояд бошад. Дар муҳите, ки фаъолият мекунад, дар байни ҳамкорон обрӯ дошта бошад. Дар давроне, ки бозсозӣ шурӯъ шуд, декани факултаҳо ба таври интихобӣ муайян мешуданд. Ҳангоми интихоби декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ аз байни се номзади мард як ман ба ҳайси декани факулта интихоб шудам. На барои инки зан будам, барои он ки дар байни ҳамкорон ва муҳити корӣ худро нишон додам. Яъне, ба ин маънӣ, ки ман аз онҳо хубтару беҳтар факултаро мудирият карда метавонам. Дар он ҳангом қисми зиёди устодон ва донишҷӯён маро дастгирӣ карданд. Ҳол он ки он замон ва ҳоло низ ҳеч пуштибоне надоштаму надорам“.
Ойниҳол Бобоназарова дар ҳалқаи донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ
Озодагон: Ба назари Шумо зани тоҷик имрӯз кист? Кӯчаруб, саробони оила, яъне, мардҳояш ҳамеша дар муҳоҷират, каҳрамони наворҳои фаҳш, нафаре, ки аз камтарин ҳуқуқи худ - рафтан ба масҷид маҳрум аст? Кист зани тоҷик?
Ойнихол Бобоназарова: “Аз нуқтаи назари ҷомеа, аз нуқтаи назари ҳукумат зани тоҷик то ҳол ҷои худро наёфтааст. Вай гунаҳгор нест, ки ҷойгоҳи худро наёфтааст. Азбаски Тоҷикистон худро давлати демократӣ эълон кардааст, баъзе конвенсияҳои байналхалқиро имзо карда, ки баробарҳуқуқии марду занро кафолат медиҳад, аммо занон имкониятҳои баробар надоранд. Зан то имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун шахсият шинохта нашудааст. Ҳамчун модар шинохта шудааст, ҳамчун зан шинохта шудааст, чи тавре шумо гуфтед, дар хона менишинад, Худо мегӯяд, ки ба шавҳараш дар Русия ягон ҳодиса рух надиҳад, пул фиристонад, Худо мегӯяд, ки аз замини наздиҳавлигиаш қути лоямуте бирӯяд ва аз он баҳра барад. Худо мегӯяд фарзандаш то бегоҳ бе ягон хатар ба хона баргардад. То он вақте ки мавқеи зан муайян намешавад, дар бораи баробарҳуқуқии занҳо гуфтан мушкил аст. Бубинед дар худи Тоҷикистон мо як нафар зани вазир дорем. Ман намегӯям, ки зан ҳамчун зан вазир бошад, дар ҷомеа ҳастанд занони зиёде, ки метавонанд, аммо дастгирӣ надоранд, роҳашон боз нест. Хусусан, занҳое ки дар ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд, бисёр зиндагии мушкил доранд. Вақте зан мушкили зиндагӣ дорад, ғами шикам дорад, вай на дар бораи оянда фикр мекунад, на дар бораи мавқеи худаш. Зани тоҷикро ҳатто барои халалдор кардани маҷлиси ҳизбҳо сӯистифода карданд. Яъне, мақоми зани тоҷик имрӯз ин аст”.
Озодагон: Баъзан вақт инсон дар тасмимгирӣ оҷиз мемонад. Шумо боре ба ин ҳолат дучор омадаед? Иттифоқе пеш омодааст, ки дар тасмимгирӣ оҷиз монда бошед?
Ойниҳол Бобоназарова: “На! Чунки зиндагӣ паҳлуҳои гуногун дорад ва ман дар ҳама ҳолат роҳамро меёбам. Дирӯз як ҷавон ба ман суол гузошт, ки ягон вақт Шумо хафа шудед, чи тавр хафагии худро мебароред? Ман гуфтам ду роҳ дорам: якум мутолиа мекунам ва ҳозир китоб барои ман беҳтарин чиз аст. Дувум набераҳо дорам, назди набераҳоям меравам ё онҳо меоянд ва ҳамон лаҳза ҳолатам беҳ мешавад. Ҳамини ки зиндагӣ ҳаст, дигар чизе боиси ғам хурданӣ мо нест. Агар хамин лаҳза мушкиле пеш омаду ҳал нашуд, пагоҳ мушкили дигар пайдо мешавад, яъне одам бояд ҳама вақт роҳу равише, ки гирифтааст, эҳтироми ҳамон роҳу равиши худро кунад. Бинобар ин, дар ҳама лаҳза ман на руҳафтода шудам ва на пушаймон. Кушиш мекунам мушкилро ҳал кунам, агар имкони ҳал кардан наёфтам, мегӯям дар назди виҷдонам соф ҳастам”.
Озодагон: Вақте инсон дар пешорӯи мушкилот қарор мегирад, баъзан мехоҳад гиря кунад. Ҳамин ҳолат дар Шумо эҷод шудааст, яъне, ягон маротиба гиря кардаед ва агар ҳа, барои чӣ?
Ойниҳол Бобоназарова: “Вақте ба маъракаи дафни дӯстатон ё наздикатон меравед ҳатман гиря мекунед. Ин чиз ба ман ҳам хос аст. Аммо дигар дар ҳама лаҳзаҳо гиря намекунам. Баъзан лаҳзае пеш меояд, ки мехоҳам гиря кунам. Масалан, вақте мебинам зани тоҷик дар кӯча гадоӣ мекунад ё ҳангоме ки ба наздам занҳои зиёд меоянд, ки проблемаҳои гуногун доранд, гиряам меояд, аммо фикр мекунам агар хоҳам, ки ин масъала ҳал шавад, набояд гиря кунам. Чун гиря чизеро ҳал намекунад. Умуман, кам гиря мекунам”.
Озодагон: Зиндагонии сиёсатмадорон аз назари ҷомеа пинҳон набудааст. Шумо дар хона кӣ ҳастед, фармонравои хона ё мутеъи шавҳаратон?
Ойниҳол Бобоназарова: “Ин суол дар ҷомеаи мо матраҳ аст. Ман дар хона пеш аз ҳама модар ҳастам. Модаре, ки ду фарзанд дорад ва хеле бо онҳо ифтихор мекунад. Ҳамин сол ҳар ду фарзандам, ки солҳои пеш дар сохторҳои ҳукуматӣ кор мекарданд, медал гирифтанд. Ҳоло дар дигар ҷо кор мекунанд, вале дар ҷашне ба онҳо ин медалҳоро сазовор донистанд, ки ифтихори ман аст. Ман бо шавҳарам аз давраи донишгоҳӣ шинос шудам ва дар оила барои ман мафҳуми занкалонӣ вуҷуд надорад. Мо аз рӯзҳои аввал мавқеъ гирифтем, ки ҳар яки мо шахсият ҳастем ва дар ҳама лаҳзаҳо ҳуқуқҳои инсонии ҳамдигарро эҳтиром кунем. Ин принсипе, ки дар вақти оиладорӣ мо гирифтем, то имрӯз бо ҳамин принсип зиндагӣ дорем. Ман шарм медорам агар ҳамчун зан бигӯям, ки аз шавҳарам беҳтар ҳастам. Мумкин дар баъзе корҳо ман беҳтар амал кунам, мумкин ман ошро хубтар пазам, шавҳарам мумкин як кори дигарро боз аз ман беҳтар анҷом диҳад, яъне, инки ман дар сиёсат ҳастам дар як ҷо кор мекунам маънои онро надорад, ки дар хона ҳукмрон бошам. Занҳое, ки дар хона фармонравоӣ мекунанд, меҳру муҳаббати шавҳарашонро ҳатман гум мекунанд. Аммо ин аз худи шавҳар низ вобаста аст”.
Озодагон: Муҳимтарин чеҳраҳои сиёсатмадори ҷаҳонӣ, ки барои Шумо идеаланд киҳо мебошанд?
Ойниҳол Бобоназарова: “Ман Сахаровро бисёртар дӯст медорам. Хушбахтона як маротиба бо эшон вохӯрда будам. Дар ҳақиқат шахсияте буд, ки се карат қаҳрамон буд, орденҳои худро партофт ва эътироз кард. Шахси бисёр ором буд. Хеле воқеаҳоро пешгӯӣ кард. Қабл аз фурупошии СССР гуфт, Шӯравӣ пароканда мешавад ва мо бояд як механизми иқтисодиро нигоҳ дорем, ки дар оянда вазъият буҳронӣ мегардад. Ин пешниҳод амалӣ нашуд ва мо дидем, ки имрӯз вазъияти иқтисодии кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар кадом сатҳ қарор дорад. Ин фард барои ман шахсияти бузург мебошад. Як хонуми дигаре, ки ман эҳтиром дорам Моргарето Тиччер аст. Ман дар бораи ӯ бисёр хондам, як шахсияте буд, ки тавонист дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунад. Ё хонум Ангела Меркел, ки имрӯз дар ҷаҳон шахсияти аввал мебошад”.
Озодагон: Ба футбол таваҷҷӯҳ доред?
Ойниҳол Бобоназарова: “Ин чизи асосӣ аст. Ин аст суоли бидуни сиёсат. Оилаи мо оилаи мухлисони футбол мебошанд. Ман мухлиси “Бавария” ҳастам. Духтарам мухлиси “Реал” аст. Писарам мухлиси “Барселона”. Мо ҳафтае ду маротиба ҷамъ мешавем, аммо ҳар вақт футбол мешавад, баъзан то соатҳои 2-3 сарҷамъ ҳастем. Ҳатто набераи аз ҳама хурдтаринам, ки ҳоло 5-сола аст, номи машҳуртарин футболбозони ҷаҳонро медонад. Дар замони Шӯравӣ мухлиси хоккей низ будам. Вақте командаи “Помир” бозӣ мекард, баъзан дарс ҳам намерафтам. Мухлиси Александр Азимов будам, ки баъдан оилавӣ шинос шудем. Футбол барои оилаи мо шакли зиндаги аст”.
Набераҳои хонум Бобоназарова. Аз чап ба рост: Ҷонон, Мино, Ҳабиб
Озодагон: Ба шавҳаратон дар арафаи ид ё вақте аз сафарҳои хориҷӣ баргардед, чӣ туҳфа меоред?
Ойниҳол Бобоназарова: “Шавҳарам китобдӯст аст. Агар имконияти китоб гирифтан бошад, китобҳои дӯстдоштаашро туҳфа мекунад. Ман аввал мебинам ба чӣ зарурат дорад, баъд туҳфа мекунам. Умуман, барои мо туҳфа муҳим нест. Вақте филмҳои классикӣ тамошо мекунем, ҷамъ мешавем ва онро тамошо мекунем, ин туҳфа барои ҳамаамон аст”.
Озодагон: Аз шеъри шоирони муосир кадомеро бештар мехонед?
Ойниҳол Бобоназарова: “Шеърҳои Фарзонаро бештар мехонам. Шеъҳои Лоиқро зиёд дӯст медорам. Шеърҳои Гулрухсорро мехонам. Солҳои ахир як шеър навишта буд, ки онро зиёдтар мехонам ва аз ёд кардаам, ки бо ин мисраъҳо шурӯъ мешавад:
Ватан эй модари аз тоқати таҳқир хаста.
Ватан эй шаҳчанори аз шамоли ҷаҳл бишкаста.
Зи баъди садҳазорон сол,
Зи қарни сад қабат хоки сиёҳ
Аламҳои ту бар ёдам расад фарёд хоҳам кард,
Туро обод хоҳам кард.
Масалан, китоби “Сақарот”-и Гулрухсорро мехонам. Ҳама вақт дар наздам китоб ҳаст, ки мувофиқи руҳияаам онро мутолиа мекунам”.
Озодагон: Шумо ҳамчун роҳбар боре бо руҳияи шикаста вориди кор шудаед? Имрӯз хеле мудироне вуҷуд доранд, ки бо руҳияи хароб ба корхона меоянд ва ин чиз боиси бад шудани руҳияи кормандон мешавад...
Ойниҳол Бобоназарова: “Ман як устоди хуб доштам. Ӯ намегузошт, ки як каме садо баланд намоям. Ман намедонам барои чи маро ҳамчун шахсияти сахтгир мешинохтанд дар фултаи ҳуқуқшиносӣ, аммо вақте ба ман мегуфтанд, аз Шумо метарсем дар ҷавоб мегуфтам, ягон бор ба Шумо ҳатто “ту” нагуфтаам, чаро метарсед? Намедонам барои чӣ метарсиданд. Мумкин ман баҳоро аз руйи адолат мемондам, гапи касеро гуш намекардам, аз ҳамин ҷиҳат метарсиданд. Ҳатто бачаҳо шухӣ карда мегуфтаанд, то имтиҳони Бобоназароваро нагирем, зан намегирем. Дар робита ба ин, як нуктаро ҳамчун мисол таъкид мекунам, ки ба масъалаи пора ҳам рабт дорад. Як зан омад ва хоҳиш кард фарзандашро баҳо гузорам, чун аз оила камбизоат аст. Ба ин дилам сухт. Аз фанни ман набуд, аз дигар фан буд ва дафтарчаи имтиҳонияшро оварданд. Баъд комиссия ташкил кардем ва ман ба муаллими имтиҳонгиранда гуфтам, агар дониш надошта бошад, ду мегузорем. Ин имконро барои он додам, ки ин оила камбизоат буд. Он ҷавон дар ҳузури комиссияи ташкилкардаи ман ҷавоб дод ва баҳо гирифт. Баъди чанде он зан барои ман музаи бисёр хушру ва дар он замон бисёр ҳам камёфт овард, ман нагирифтам ва ба он зан нигоҳ карда гуфтам, модар агар зуд намеравед бо ин музаатон пулисро хабар мекунам, писаратонро хориҷ мекунам, боз акт мекунам, ки ба ман пора пешниҳод кард. Ва он зан тарсиду зуд аз дар берун шуд.
Бубинед дар он вақт агар касе пора мегирифт барои ман даҳшат буд. Аз ҳама даҳшати калон барои ман ҳамин буд. Имрӯз гирифтани пора “фарҳанги миллӣ”- и мо шудааст. Ҳеч фаромӯш намекунам он занро, ҳатто дар он вақт мардум тарзи додани пораро ҳам намедонист”.
Ойниҳол Бобоназарова бо писар ва духтараш-Ҷовид ва Парвина
Озодагон: Дар замони декани факултаи ҳуқуқшиносӣ буданатон ягон маротиба аз ҷониби касе таҳдид дидаед?
Ойниҳол Бобоназарова: “Ман ба воситаи интихоб вазифаи деканиро ба душ гирифтам. Як воқеа шуд. Ҷияни Раҳмон Набиев аз имтиҳон нагузашт. Президент ба ман телефон кард ва хоҳиш намуд, баҳо гузорам, ман хоҳиши Раҳмон Набиевро рад кардам. Набиев гуфт, ман як президент чӣ тавр шумо маро гӯш намекунед, шумо чанд президент доред? Ман гуфтам, мебахшед ман умуман президент надорам ва барои шумо овоз надода будам. Маро интихоб карданд, шумо маро таъйин накардаед, ки ба сари ман дуғ занед. Баъди чанд руз Набиев боз телефон кард ва гуфт духтарам, ин ҷияни занам аст, занам нони хурдагима заҳр карда истодааст, илтимос аз имтиҳон гузарон. Баъди ин ман пешниҳод кардам, ба ҳамаи он нафароне, ки аз имтиҳон нагузаштанд, имконият дода шавад. Ман гуфтам ин тавр намешавад, ки ман аз байни 16 нафаре, ки нагузаштааст, ҷияни шуморо интихоб кунам. Гуфтам ба ҳамааш як бори дигар имконият медиҳам, шумо ягон муаллимро пул диҳед, берун аз дарс ҷияни шуморо дарс диҳад. Ҳамин тавр кард, ба “чор” ҷавоб дод, баъдан “се” мондем. Ин гуна вазъият пеш меомад, аммо ман гапи касеро гуш намекардам ва тарс надоштам”.
Озодагон: Туҳматро чӣ гуна қабул мекунед?
Ойниҳол Бобоназарова: “Туҳмат чизе аст, ки инсонро аз манзалати инсонӣ маҳрум мекунад, аз доираи мафҳуми инсонӣ мебарорад. Зеро вақте ки касе туҳмат мешавад дар байни ҳамкорон ва муҳити корӣ шарманда мешавад. Дувум тамоми оила аз ин чиз зарар мебинад. Баъзан он қадар туҳматҳои бузург мешавад, ки ин даҳшат аст. Агар ҷомеа ҷомеаи ҳуқуқӣ бошад, он одам худро ҳатман сафед мекунад. Бубинед дар замони Шӯравӣ душмани халқ гуфта чи қадар инсонҳоро, беҳтарин донишмандони тоҷикро босмачӣ, душмани халқ гуфта туҳмат карданд, имрӯз бисёри онҳо сафед шуданд. Онҳо солҳои зиёд дар мафкураи мардум ҳамчун душман буданд. Баъзан дар сари ҷаҳл одам мекушанд он сабуктар аст, нисбат ба оне ки касеро туҳмат бизананд. Мо имрӯз мебинем дар шабакаҳои телевизионӣ бисёр шахсонро нишон медиҳанд, хусусан занҳоро, ки ин барои ман даҳшат аст. Якум, ҳамчун ҳуқуқшинос таъкид мекунам, ҳеч кас ҳақ надорад ба зиндагии шахсии касе дахолат бикунад. Дувум, агар боз ба воситаи телевизион нишон медиҳанд, ин даҳшат аст, ҳатто дар ин хусус забонам намегардад, ки сухан гӯям”.
ЗИНДАГИНОМА
Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм карда, сипас дар Академияи улум ба ҳайси аспирант таҳсилашро давом додааст. Баъди дифои рисолаи илмӣ дар факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ ба фаъолияти корӣ пардохта ва як муддат декани факултаи ҳуқуқшиносӣ буд.
Дар солҳои 90-ум ба сиёсат ворид шуд ва ҳамроҳ бо Шодмон Юсуф Ҳизби демократи Тоҷикистонро дар соли 1991 таъсис дод. Соли 1994 боздошт шуд ва як моҳ дар зиндон ба сар бурд. Пас аз раҳоияш дар соли 1996 дубора ба фаъолият оғоз кард ва аз соли 1996 то 2004 мушовири намояндагии САҲА оид ба масъалаҳои ҳуқуқи башар буд. Соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро ба душ гирифт. Ҳоло раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива+” мебошад.
Ойниҳол Бобоназарова оиладор ва модари ду фарзанд - Парвина ва Ҷовид аст. Шавҳараш Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносони маъруфи Тоҷикистон мебошад. Домоду келинаш низ ҳуқуқшиносанд. Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.
Бо хоҳаронаш Гулҷаҳон ва Гулниҳол
Бо модараш Буригул
Ҳангоми сайёҳат бо набераҳо
Аз чап ба рост: Фарзандонаш - Парвинаву Ҷовид ва шогирди афғонаш Маҳбуба Фидо