Азми Душанбе барои интиқоли нафти Кувайт тариқи Покистон
Нурмуҳаммад Аҳмадов, роҳбари Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳаммад Осиф, вазири захираҳои об ва энергетикаи Покистон интиқоли нафти хоми Кувейт тариқи қаламрави Покистон ба Тоҷикистонро баррасӣ намудааст.
Аҳмадов рӯзи душанбеи 22-юми декабр дар мулоқот бо вазири федералии Покистон инчунин изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба хизматрасониҳои Покистон дар умури интиқол ва коркарди нафт ниёз дорад. Раиси Агентии захираҳои давлатии Тоҷикистон роҳандозии интиқоли маҳсулотро тариқи қаламрави Покистон яке аз роҳҳои таъмини арзонӣ дар Тоҷикистон хондааст.
Аҳмадов бо зикри дастрасӣ надоштани Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрӣ зарурати густариши робитаҳо тариқи роҳи оҳану автомобилгардро таъкид намудааст.
Вазири Покистон изҳор доштааст, барои интиқоли арзони маҳсулот тариқи Покистон ба Тоҷикистон бояд ҳар ду ҷониб чораандешӣ кунанд ва изҳор доштааст, ки ин масъала дар ҳамоиши қарибулвуқуи Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар муфассал баррасӣ хоҳад шуд. Муҳаммад Осиф инчунин таъкид намудааст, ки хатҳои интиқоли газ, нафт, нерӯи барқ, роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.