Нашри “Адабиёти халқҳои ИДМ” дар Хуҷанд
Нашриёти “Нури маърифат”-и шаҳри Хуҷанд китоберо бо номи “Адабиёти халқҳои ИДМ” нашр кардааст, ки “дастури таълимию методӣ” гуфта мешавад.
Хадамоти матбуотии раиси вилоят мегӯяд, ин китоб аз ҷониби профессор Неъматҷон Файзуллоев, доктори илмҳои филологӣ таҳия шудааст.
Муаллиф гуфтааст, “адабиёти халқҳои ИДМ, ки феълан 12 адабиёти бадеии ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравиро фаро гирифтааст, таърихи басо қадима дошта, аз бойтарин ва шукуҳмандтарин адабиётҳои бадеии олам маҳсуб мегардад”. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, ӯ омӯзишу таҳқиқи “таърихи ғановатманди адабиёти халқҳои ИДМ”-ро басо зарур хондааст.