Насиҳати Раҳмон ба мансабдорҳои навтаъини ВКД
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори Вазорати умури дохилӣ тағйиротӣ кадрӣ ворид намуда, полковники хизмати дохилӣ Мамадов Нозим Иброҳимовичро сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии кишвар таъин намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ инчунин бо фармони раисиҷумҳур полковник Муҳаммадзода Хуршед Изатулло фармондеҳи қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардид.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат кадрҳои навтаъинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва муомилаю муоширати сазовор бо мардуми ҷумҳурӣ даъват намуд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ зимни муаррифии мансабдорони нав изҳор доштааст, ки онҳо мутахассиси соҳаи худ буда, тӯли фаъолияти хизматии хеш худро ҳамчун корманди касбӣ нишон додаанд.