Ифтитоҳи намояндагии бемористони ба номи Ибни Сино дар Фархор
Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бахши минтақавии бемористони ба номи Ибни Сино ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, филиали Фархор дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 22 воқеъ буда, аз шӯъбаҳои кардиологӣ, урологӣ, рентген, дорухона ва озмоишгоҳ иборат аст ва бо навтарин дастгоҳ ва лавозимоти пизишкӣ муҷаҳҳаз мебошад: “Дар назар аст, ояндаи наздик дар он ҳамчунин шӯъбаҳои бемориҳои умумӣ, бемориҳои занон, дандонпизишкӣ низ фаъол шаванд”.
Ба иттилои манбаъ, филиали Фархор севумин бахши минтақавии бемористони Ибни Сино мебошад. Аз ин пеш дар шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанди вилояти Суғд чунин филиалҳо ба фаъолият оғоз карда буданд.