Сироҷиддин Аслов ба Маскав рафт
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи як сафари расмӣ озими шаҳри Маскав шудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти ВУХ хабар доданд, сафари Аслов ба Русия рӯзи 21 декабр сурат гирифтааст.
Манбаъ ҳадаф аз ин сафари вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Маскавро иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ арзёбӣ кардааст.
Вазорати умури хориҷии кишвар мегӯяд, ин ҷаласаи шӯро таҳти раёсати Аслов баргузор хоҳад шуд.