Паёми шайх Салмон ба муносибати 27-солагии президент Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва писари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18-уми декабр 27-сола шуда, ба соли 28-уми ҳаёташ қадам гузошт.
Дар паёми табрикотии ФФТ ба Рустами Эмомалӣ аз ҷумла омадааст, “ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон Шуморо бо рӯзи зодрӯзатон табрик гуфта, тани сиҳату комёбӣ ва саодатмандӣ барои Шумо ва наздиконатон хоҳон аст.”
Ба иттилои ФФТ, инчунин президенти Конфедератсияи футболи Осиё – шайх Салмон ибни Иброҳим ал-Халифа низ бо ирсоли як номаи шодбошӣ Рустами Эмомалиро ба рӯзи зодрӯзаш табрик кардааст.
Шайх Салмон ибни Иброҳим ал-Халифа дар ин номаи худ, аз чумла изҳор доштааст, “Муҳтарам Президент! Аз номи Конфедератсия ва тамоми мутасаддиёни тимҳои футболи Осиё Шуморо табрик гуфта, бароятон дар ин рӯз хушбахтӣ орзӯ дорем. Бигзор ин рӯз як санаи хушбахтию хурсандӣ дар хонаводаатон боқӣ монад.”
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар идома ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳамкории ӯ бо Рустами Эмомалӣ ба хотири рушди футболи минтақа боз ҳам рушд ва тавсеа хоҳад ёфт.
Рустами Эмомалӣ, ки феълан раҳбарии Хадамоти гумруки Тоҷикистонро низ бардӯш дорад 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Аз октябри соли 2012 то таъиноти наваш дар вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Ӯ дар ҳоли ҳозир ҷавонтарин соҳибмансаби тоҷик дониста мешавад ва тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вай бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намудааст. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Рустами Эмомалӣ яке аз муассисони клуби футболи "Истиқлол" аст.