Дар Душанбе 29 - 30 сентябри соли 2011 съезди педиатрҳои Аврупову Осиё сурат мегирад.
Тибқи иттилои расида, ин чорабинӣ бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-клиникии педиатрия ва ҷарроҳӣ бо ҳамкории Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Академияи улуми тиббии ҶТ, Иттиҳодияи миллии ҷомеаҳои педиатрӣ ва ҷамъияти педиатрҳои кишварҳои Аврупову Осиё баргузор шуда, «Проблемаҳои сиҳатӣ ва рушди кӯдакон дар замони муосир»-ро баррасӣ мекунад. Ба ҷуз ин, ширкатдорони конгресс масоили марбут ба комёбӣ ва проблемаи педиатрия дар мамолики минтақаи Аврупову Осиё, натиҷаи фаъолият ва пешомад, навовариҳои ташхис ва табобати кӯдакону наврасон, фармакотерапия дар педиатрия, ки ба принсипҳои тибби собитшуда асос ёфтаанд, ҷанбаҳои иҷтимоии педиатрия ва махсусияти ғизои кӯдаконро матраҳ хоҳанд кард.
Манбаъ афзуд, барои иштирок дар конгресс 200 нафар мутахассисони варзида аз кишварҳои Аврупо ва Осиё аз ҷумла аз Федератсияи Русия, Украина, Белорус, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғайра даъват шудаанд. Конгресси Х –ум моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида буд. Тибқи иттилои созмондиҳандагон, конгресс аз ҳисоби ширкату ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.{jathumbnail off}