Аз 9 то 19 сол. Ҳукми 11 аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон дар Суғд
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 11 нафареро, ки дар тасмими тарконидани ду нақб дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муттаҳам мешуданд, равонаи зиндон кардааст.
Бино ба иттилои расида, дар мурофиаи додгоҳие, ки пушти дарҳои баста сурат гирифтааст, ин афрод аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Аз боздошти афроди мазкур, ки нуҳ нафарашон сокинони ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент, як кас сокини ноҳияи Спитамен ва як тани дигар сокини шаҳри Хуҷанд ҳастанд, моҳи сентябр хабар расида буд. "Азия Плюс" аз қавли додрас - Шуҳрат Аҳроров навиштааст, маҳкумшудаҳо аз 23 то 43 сол дошта, миллаташон узбак аст. Онҳо узви Ҳаракати исломии Узбакистон, як созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ муаррифӣ шуданд, ки ба гуфтаи мақомоти қудратии кишвар қасд доштанд, ду нақбро дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мунфаҷир кунанд.