Вазир: Чопи “Нигоҳ” барои таҳқири муқаддасоти миллӣ мутаваққиф шудааст
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон яке аз сабабҳои аз чоп мондани ҳафтаномаи “Нигоҳ”-ро таҳқири муқаддасоти миллӣ аз ҷониби ин нашрия унвон кард.
Орумбекзода имрӯз, 19-уми декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, омили дигари чоп нашудани ҳафтанома саривақт аз қайди мақомоти давлатӣ нагузаштани он аст.
Дар мавриди он ки чӣ гуна ва дар кадом шуморааш ҳафтаномаи “Нигоҳ” муқаддасоти миллиро таҳқир кардааст, вазири фарҳанг изҳор дошт, ба далели танг будани фурсат ва ҷаласаи корияш наметавонад дар бораи ҷузъиёти он суҳбат кунад. Аммо гуфт, ба ҳар сурат ҳафтаномаи “Нигоҳ” боз рӯи чоп хоҳад омад: “Чоп мешавад, иҷозат медиҳем. Аллакай мо суҳбат кардаем дар ин маврид ва бояд ҳамин рӯз ҳал шавад.”
Ин дар ҳолест, ки Фариддуни Раҳнавард, муҳаррири “Нигоҳ” мегӯяд, ду шумораи ахири ҳафтаномаашон аз чоп набаромадааст: “Матбаа аз Вазорати фарҳанг супориш гирифтааст, ки “Нигоҳ”-ро чоп накунад. Ба матбаа ҳушдор додаанд, дар сурати чоп кардани “Нигоҳ” онҳоро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима мебанданд.”
Масъулини “Нигоҳ” мегӯянд, бо вуҷуди талошҳояшон дар чанд ҳафтаи охир натавонистанд иҷозаи Вазорати фарҳангро дастрас кунанд ва изҳори умед карданд, ба наздикӣ мушкили сабти нашрия ҳал шуда он рӯи чоп меояд.