Кумакхоҳии вазири маорифи Тоҷикистон аз Эрон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомоти эронӣ хостааст, дар чопи китобҳои дарсӣ барои донишомӯзони тоҷик кӯмак кунанд.
Нуриддин Саидов, вазири мориф ва илми Тоҷикистон ин дархостро зимни дидор бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири нави Эрон дар Душанбе ба миён гузоштааст. Саидов инчунин дар ин мулоқот хостори афзоиши баргузории ҳамоишҳои муштарак, таомулоти бештари донишгоҳӣ, аз ҷумла омӯзиши ҷавонони тоҷик дар риштаҳои тиббу фаннӣ ва муҳандисӣ шудааст.
Ӯ ҳамкориҳои пешини Душанбею Теҳрон дар соҳаи фарҳангу донишгоҳҳоро мусбат хонда, аломақамандии Тоҷикистон барои тавсеаи равобиташ бо Эронро эълон доштааст. Сафири Эрон дар Душанбе низ дар навбати худ зарфиятҳои ҳамкории ду кишварро зиёд дониста, Тоҷикистонро хонаи дуюми худ хондааст. Ӯ аз вазири маориф ва илм хостааст, сафари кориеро ба Эрон анҷом диҳад.