Парванда барои 600 ҳазор $-и узви Шӯрои машваратии Президент
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифшои қаллобии падару писар дар Душанбе хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод 600 ҳазор доллари Саймуддинов Музаффар, раиси ширкати сайёҳии “Кафолат”-ро аз худ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД рӯзи 18-уми декабр аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилӣ муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Шамсиев Алишер Абдумутолибович, соли таваллудаш 1965 ва Шамсиев Парвиз Алишерович соли таваллудаш 1992, сокинони кӯчаи Шамсии пойтахт, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт мардумфиребӣ мекардаанд.
Манбаъ мегӯяд Шамсиевҳо давоми солҳои 2010-2013 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Саймуддинов Музаффар Муҳриддинович соли таваллудаш 1965, сокини кӯчаи Самарқанди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даромада, аз ӯ 600000-доллари амрикоиро гирифта, ваъда додаанд, ки бар ивазаш ба номи ӯ суратҳисоб кушода медиҳанд: “Аммо то ҳол ваъдаашонро иҷро накардаанд.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Саймиддинов Музаффар, ки ба иттилои ВКД мавриди фиреб қарор гирифтааст, узви Шӯрои машваратии назди президент оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аст, ки бахши хусусии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Ӯ инчунин роҳбарии ширкати сайёҳии “Кафолат”-ро ба уҳда дорад.