Дуздии шабонаи асноду муҳр аз дафтари ҲНИТ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, шаби гузашта аз дафтари корияш дар ноҳияи Исфара аснод ва муҳри ҳизб аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудаанд.
Дафтари матбуоти ҲНИТ аз қавли Абдусаттор Бобоев, ҷонишини раиси ҲНИТ дар Исфара иттилоъ медиҳад, ки субҳи имрӯз, 19-уми декабр дари идораи ҳизбро шикаста ёфтааст: “Ҳангоми тафтиши дохили идора маълум шудааст, ки ҳуҷҷатҳо ва муҳри ҳизбро ашхоси номаълум бо худ бурдаанд.”
Манбаъ мегӯяд, қароргоҳи бахши ҲНИТ дар Исфара дар бинои андози шаҳр ҷойгир аст, ки чун тамоми биноҳои давлатӣ нигаҳбон дорад ва ворид шудан ба он осон нест.
Масъулини ҲНИТ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса ба мақомоти пулис муроҷиат кардаанд ва мунтазири ҷавоби онҳо мебошанд.