Орд Смит: Аз Тоҷикистон меравам, вале он дар дили ман ҳамеша бо некӣ мемонад
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 19 декабр Роберт Орд Смит, сафири Британияи Кабир дар Душанберо ба муносибати анҷоми ваколати дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” иттилоъ дод, Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо Роберт Орд Смит изҳор доштааст, ки аз рӯзҳои аввали таъин шуданаш ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон дар муносиботи Душанбе ва Лондон ҷаҳиши ҷиддие ба назар расид. Зуҳуров қайд намудааст, Британияи Кабир яке аз кишварҳоест, ки таърихи қадима ва таҷрибаи ғанӣ дар бахши демократикунонии ҷомеа дорад ва Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳо бояд аз ин таҷриба ба таври кофӣ истифода намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор доштааст, Тоҷикистон ва Британияи Кабир муносиботи зиёда аз 20-солаи дипломатӣ доранд ва дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст: “Чандин шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд. Ҷониби Тоҷикистон чанд созишномаи ҳамкориро таҳия карда, ба ҷониби Британияи Кабир барои мувофиқа пешниҳод намудааст ва мо умедвор ҳастем, ки ин созишномаҳо низ аз ҷониби масъулони вазорату идораҳои дахлдори Душанбе ва Лондон ба имзо расида, ба раванди муносиботи мо такони тозае мебахшанд”.
Манбаъ мегӯяд, Шукурҷон Зуҳуров сатҳи ҳамкориҳои ду кишварро қаноатбахш арёбӣ намуда, иброз доштааст, ҳарду ҷониб бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ талош намоянд. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид кардааст, густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар метавонад омили муҳиме ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар соҳаҳои мухталиф гардад: “Парлумони касбии мамлакати мо бо таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити муносиби ҳамкорӣ бо кишвар ва созмонҳои хориҷиро фароҳам овардааст ва қонунгузории кишвари мо барои фаъолияти озодонаи намояндагиҳои созмон ва кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон кафолати комилро дода метавонад. То кунун дар кишвари мо зиёда аз 15 корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Британияи Кабир фаъолият менамоянд, ки шумораи онҳо метавонад бештар гардад”.
Бино ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров, гуфтааст, миёни Тоҷикистону Британия ҳоло имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд ва ҷонибҳо дар соҳаи энергетика, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар соҳаҳо метавонанд ҳамкориҳои судмандеро ба роҳ монанд.
Роберт Орд Смит дар навбати худ иброз доштааст, давоми фаъолияташ ҳамчун сафир ва намояндаи кишвараш дар Тоҷикистон аз тамоми имконот барои боз ҳам тақвият ёфтани равобити дуҷонибаи Лондон ва Душанбе истифода кард. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ таъкид намудааст, “ман дар бораи мардуми меҳмондӯсту дорои фарҳанг ва тамаддуни қадимаи тоҷик зиёд шунида будам ва дар дил орзуи онро доштам, ки ҳамчун сафири кишварам дар ин малакати офтобӣ ва биҳиштосо фаъолияти дипломатӣ дошта бошам. Пагоҳ ман аз Тоҷикистон меравам, вале Тоҷикистон ва мардуми он дар дили ман ҳамеша бо некӣ мемонад. Ҳукумати Британияи Кабир ҳамеша омода аст, ки бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо ҳамкориҳои густурда дошта бошад. Мо ҳамеша аз мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, хостори пешрафту шукуфоии ҳамаи соҳаҳои ин кишвар ва баланд гардидани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ҳастем”.