Худдории Тоҷикистон аз овоздиҳӣ алайҳи Кореяи Шимолӣ
Тоҷикистон рӯзи 18-уми декабр дар Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз овоздиҳӣ алайҳи Кореяи Шимолӣ худдорӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон дар овоздиҳии пешӣ, ки моҳи ноябри соли равон сурат гирифт, овоз дод, ки алайҳи Кореяи Шимолӣ барои нақзи ҳуқуқи инсон ба додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ муроҷиат карда шавад.
Ба иттилои СММ рӯзи 18-уми декабр ба ҷонибдории ин эъломия 116 кишвар ва мухолифи он 20 кишвар овоз дода, 53 давлати дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ намуданд.
Манбаъ мегӯяд, дар санади нав аз Шӯрои амнияти СММ дархост шудааст, ки алайҳи Кореяи Шимолӣ ба додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиат кунад ва алайҳи роҳбарияти Кореяи Шимолӣ таҳримоти ҷадид ҷорӣ гарданд. Интизор меравад, ки Шӯрои амнияти СММ ин масъаларо ҳафтаи оянда баррасӣ мекунад. Аммо Чину Русия, ки узви Шӯрои амнияти СММ мебошанд, мухолифи баррасии ин масъала дар Шӯро баромада, таъкид кардаанд, ки он бояд дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирад. Бо вуҷуди ин аз 15 узви Шӯрои амният 10-тояшон қарор кардаанд, ки масъала рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда муҳкима шавад.
Ин иқдом баъди нашри гузориш оиди нақзи ҳуқуқи инсон дар Кореяи Шимолӣ сурат гирифт, ки дар асоси суҳбат бо гурезаҳою ҷабрдидагони ин кишвар таҳия шудааст. Дар гузориш аснод дар бораи лагерҳо пешниҳод шудааст, ки то 120 ҳазор нафар ғунҷоиш дошта, дар онҳо қатли оммавӣ, таҷовузу дигар бадрафториҳо сурат мегирифтаанд.
Аммо намояндаи Кореяи Шимолӣ, Мен Хун иқдоми СММ-ро маҳкум карда, онро як “созиши ғайриқонунии сиёсӣ” хондааст. Ӯ изҳор доштааст, ки хубтар мешуд, таваҷҷуҳи бештар ба нақзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомоти амрикоӣ, аз ҷумла СРУ равона карда шавад: “Бояд ба баҳонаи нақзи ҳуқуқи инсон, ки дар гузориш тақаллубӣ аз он гуфта шудааст, сарнагунсозии низомҳои иҷтимоӣ хотима ёбад.”
Дар қатори кишварҳое, ки алайҳи ин қарори СММ овоз додаанд, Русия, Чин, Белорус, Куба, Сурия ва Венесуела мебошанд.