Модари миллат имрӯз кист?
Адаш ИСТАД
Афсонаи аз ҳама машҳуру беҳтарин ва дӯстдоштаи мардуми тоҷик кадом аст?
Хато намекунам, агар бигӯям, ки ҳам дар байни шаҳриёну ҳам деҳотиён афсонаи беҳтарину машҳуртарин “Бузаки ҷингилапо” буду ҳаст. Афсонаро ба гӯши бачаҳо модару модаркалонҳо мегуфтанду мегӯянд. Ва онҳо дар ин афсонаҳо дарду муаммоҳои худро муҷассам мекунанд. Ин афсона масал ё худ таҷассуми тақдири он модарони тоҷик аст, ки солҳои зиёде бе шавҳар кӯдакони худро тарбия мекунанд, ба воя мерасонанд.
Эътибор диҳед, ки дар ягон варианти ин афсона оид ба падари ин бузғолаҳо ҳарфе нест. Ягон кас (шунаванда) суол надодааст, ки падарашон куҷост. Зеро ҳама медонистанд, ки барои ёфтани қути лоямут ба кадом шаҳри дуре рафтааст. Ва ин модари бузғолаҳо ҳатто имкон надорад, ки ба таккаҳо – нарбузҳои ҳамсоя муроҷиат кунад, зеро онҳо низ нестанд дар он ҷо. Эҳтимоли қавист, ки онҳо низ ба мардикорӣ рафтаанд.
Ҳатто Саг, ки вазифааш иборат аст аз посбони ва муҳофизат аз Гург барои Бузаки ҷингилапо дар ҳавзаи душманон қарор дорад. Аввал аз Гургу Шағоли роҳзану дузду дарранда не, балки аз Саг гумонбар мешавад. Баъд ба хонаи Шағол меравад ва пас ба хонаи Гург. Ва дар ҳама ҷо барои наҷоти бачаҳояш аз худ ҷасорати бемонанде нишон медиҳад, тарафи душманро ба задухӯрд бо шохҳои тези худ даъват мекунад. Зеро агар бачаҳояш нобуд шаванд, барои ӯ зиндагӣ дигар маъное надорад.Билохир ин модарбузи ҷасур ба Гург зафар меёбад. Шиками Гургро бо шохҳояш чок карда бачаҳои ҳанӯз зиндаи худро берун меорад.
Имруз бошад ин Гурги доимзиндаи рамзии ривоятӣ боз ҳам дандонҳои худро тез кардааст…
Имрӯз низ модару модаркалонҳо ин афсонаро ба бачаҳо ба такрор мегӯянд ва бачаҳо бо шавқ гӯш мекунанд. Имрӯз низ ба ин афсона эҳтиёҷ ҳаст, зеро бисёр падарон ба мардикорӣ рафтаанду бисёр модарон низ ва бачаҳо дар дасти модаркалонҳои аксар пиру бемадор мондаанд. Гурги мардикорӣ интизори калону сергӯшттар шудани бачаҳост, то ки онҳоро ба шиками (яъне мардикорбозори) худ фурӯ барад.
Бузаки ҷингилапо чӣ хеле, ки сад сол пеш бе пушту паноҳ буд, ҳоло низ ҳамон вазъро дорад. Мардуми тоҷик бо ин афсона гуфтан мехоҳад, ки ҳалли чунин муаммо танҳо дар дасти модарон аст. Ман инро нагуфтаам ва намегӯям, инро худи халқ ба тариқи хулоса дар афсоонаи мазкур гуфтааст. Дар Тоҷикистон бонувони ҷасур кам нестанд. Баъзеи онҳо дар ҷасорат аз бисёр мардҳо пешқадамтаранд. Ман, ки он ҷо нестам, ҳоло намедонам, онҳо барои ҳалли муаммоҳое, ки азобашон медиҳад, созмонҳои ҷамъиятӣ сохта тавонистанд ё не.
Бонуе аз хонандагони Герби шердор баъди хондани мақолаҳои камина оиди зарурати ислоҳотӣ маорифи Тоҷикистон номаи бадарде навишта таъкид кардааст, ки ислоҳоти маориф самара нахоҳад дод, вақте ки модари тоҷик, ки тарбиягари нахустини насли наврас аст, имрӯз чунин ҳоле дорад. Камина низ дар чунин ақидаам, ки навад дар сади тарбия ба хонавода вобаста аст, хусусан ба модар. Илми муосир инро исбот кардааст. Масалан собит кардааст, ки кӯдакон наввад дар сади ҷаҳонбиниро то нӯҳсолагӣ мегиранд, ки дар ин ҳашт сол саҳми бузургтари таъсиррасониро асосан хонавода, яъне ҳамон модару модаркалонҳои бофаросату босавод доранд.
Донишмандони ИМА баъди 15-20-соли аз мактабҳо чида гирифта дар мактаби шогирдони боистеъдод тарбия кардани бачагон ба чунин хулоса омаданд, ки бачаи боистеъдодро асосан дар 2-3-солагӣ ва баъд дар сини кӯдакистонӣ дар кӯдакистон бояд бо ғамхории махсус фаро гириифт. Навваду панҷ дар сади истеъдод дар сини 2-8-солагӣ дар хона ва кӯдакистон ва дар синфҳои 1-2-и мактаби таълими умумӣ талаф мешудаанд! Панҷ фоизи боқимондаро мактаб мекушад. Дар натиҷаи муносибати нодуруст ва ғайрилмиву ғайриэҷодӣ.
Боре ба назди як директории мактаб бо масъалаи обунаи рӯзнома рафта будам. Дар ҳуҷраи директор бо ӯ ва муовинаш сӯҳбат мекардем, ки дар кушода шуду муаллим шогирди синнфи 5-умро дароварда гуфт: — Ин бачаи нофармон тамоман гӯш намекунад! Ҷазо диҳед!
Баъди ин сухан муаллим дарро пӯшида ба синфаш рафт, ки дарсро идома диҳад.
- Ин писарбачаи ба гапи муаллим гӯш намекардагиро чӣ кор мекунем?- пурсид муовин.
Директор дар ҳоле, ки мӯҳри мактабро аз сейф гирифта ба ҳуҷҷате зер мекард, гуфт:
- Ба ҳамин қуттии сейф ҷой карда аз болояш дарашро пӯшида қулф мекунем.
Бача ба даричаи сейф нигоҳ карда тарсид, баъд ба гиря даромада гуфт, ки тавба кардам, дигар дар дарсҳо ҳарфе назада хомӯш мешинам, ба муаллим гӯш мекунам, бе чуну чаро. Ман ба қуттии сейф нигоҳ карда ҳайрон мондам. Он баробари қуттии картонии туфлӣ буд, ки ҳатто каллаи бача бо он намеғунҷид. Яъне системаи қолабӣ аз ӯ фардеро сохтааст, муаллим ҳар чизи беасосро гӯяд, бовар кардан мегирад. Чун қобилияти мустақилона фикр карданро ё наомӯхтаанд ё аз мағзаш зудудаанд.
Ин нусхаи низоми мактаби Шӯравӣ буд, ки барои Шӯравӣ шаҳрвандони бе чуну чаро итоаткору фармонбардор яъне рӯҳу равонашон бардаро тарбия мекунад. Дар хонаводаҳое, ки аз илми муосири педагогика ва психология хабар надоранд, завқи кашшофгарии кӯдакро бо манъкуниҳои зиёд мекушанд. Дар кӯдакистон бошад боз ҳам ба қолаб даровардани кӯдакон давом мекунад.
Вақте ки кӯдак ба синфи якуми мактаб омад, аллакай шавқи мустақилона амал карданро гум кардааст ва метарсад, ки ғайриоддӣ фикр намояду ғайриоддӣ амал намояд.
- Фарзандатон чӣ хел бачаи хушрафтор, ки ҳеҷ шӯхӣ намекунад. Раҳмат ба тарбияатон,- мегӯяд роҳбари синф ба модари он бача.
Модари он бачаи орому аълохон низ хурсанд аст, аз ин суханон. Аммо намедонад, ки аз чунин тоифаи кӯдакони иродаашон хурдшуда дигар шахсияти намоён намебарояд. Ҳатто донишманди миёна низ.
Ҳамин тавр аз даруни як муаммо муаммоҳои дигар баромад, ки нахуст бояд онҳоро баррасӣ мекардам. Яъне барои он ки шӯълаи шамъи истеъдодро модар дар дили кӯдак накушад, худи модарро бояд таълим дод. Дар Русия ин вазифа ба зиммаи шабакаҳои телевизионии “Мать и дитя” ва “Первый образовательний” гузошта шудааст. Имкони шабакае ба ин монанд дар Тоҷикистон таъсис додан будагист. Эҳтимол гӯянд, ки давлат имкони молиявӣ надорад ба ташкили шабакаи нави телевизионӣ. Касе, ки чунин мегӯяд, аслан ақл надорад, чун ҳастии миллату давлат ба тарбияи насли оянда вобаста аст ва давлате, ки ба ин соҳа маблағгузорӣ намекунад, оянда надорад. Дар бобати таъсиси чунин шабака бо телевизионҳои форсизабон ҳамкорӣ кардан самараи хубе дода метавонад. Чанд бор мушоҳида кардаам, ки донишмандони равоншиноси эронӣ ба суолҳои бинандагони телевизион оиди тарбияи кӯдакон посухи ҳамаҷонибаи мӯътамад медоданд.
Дар Самарқанд Георгий Ким ном куриёӣ зиндагӣ мекард. Рассоми хубе буд ва инсони наҷиб. Забони тоҷикиро медонист. Азбаски бо чанде аз рассомон дӯстӣ доштам, маро мешинохт.
Боре пурсид: - Чаро ин қадар ғамгинед?
Гуфтам: - Имшаб филми мустанадеро оид ба рӯзгори мардикорони тоҷик дар Русия дидам.
Гуфт: - Мо куриёгиёни Япония дар Япония чунин вазъ доштем. Сипас курёгиёни Япония номае навиштанд ба номи сарвари миллат Ким Ир Сен. Дар нома ба дараҷаи сорти дуввум афтодани куриёгиёни Японияро тасвир кардаанд.
Ким Ир Сен барои маорифи онон панҷоҳ миллиард доллар (ин ҷо муболиға будагист – А.И) ҷудо карда гуфтааст, ки барои мактабу донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон таълим гирифтан сарф кунанд. Солҳо гузаштанд ва ҳоло дар Япония ягон куриёӣ кӯчарӯби намекунад, ҳама дар вазифаҳои баланданд.
Гуфтам: — Тоҷикистон ин қадар маблағ надорад.
Гуфт: — Гап танҳо дар маблағ не, гап дар роҳбарон. Агар лидер бошад, ақалан қарз мегирад аз ягон ҷой. Ҳукумат чӣ хеле бошад, маориф ҳамон хел мешавад. Модари ба ҳоли бардагӣ гирифтор ғуломбача зоидан мегирад.
Ин куриёӣ ҳақ аст ё на, намедонам.
Агар ҳақ нест, пас рӯзномае, ки ин мақолаҳои каминаро аз Интернет гирифта чоп мекунад, марҳамат, радияе нашр намояд, расмӣ ё ғайрирасмӣ ва атрофи ин масъала рӯшанфикрони тоҷик баҳсе кунанд, сипас муаммоҳои маориф равшантар намоён мегарданд.
Камина ҳоло як эҷодкори берунмарзиам, муаммоҳои маорифи Тоҷикистонро то он ҷое ки лозим аст, намедонам. Ба ин сабаб хонандаро ба баҳс даъват мекунам/
Аз блоги "Герби шердор"