Ҷоми Иттиҳод: Футболбозони тоҷик бо Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон қувва меозмоянд
Дар пайи қуръакашии сабқати байналмилалии Ҷоми Иттиҳод оид ба футбол рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон маълум шуданд.
Тими миллии ҷавонони Тоҷикистон дар гуруҳи “С” бо Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат хоҳад кард.
Қуръакашӣ рӯзи панҷшанбе, 18 декабр дар Хонаи футболи Русия баргузор шуда, 12 дастаи мунтахаби ҷавонон ба се гуруҳ тақсим шуданд. Бори нахуст дар ин сабқат бар иловаи дастаҳои кишварҳои собиқ Шӯравӣ, яккачини ҷавонони Финландия ва Африқои Ҷанубӣ ҳам иштирок мекунанд. Мусобиқа аз 16 то 25 январ дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Натиҷаи қуръакашӣии Ҷоми Иттиҳод-2015:
Гуруҳи “А”: Белорус, Туркманистон, Эстония, Финляндия.
Гуруҳи “В”: Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия.
Гуруҳи “С”: Африқои Ҷанубӣ, Литва, ТОҶИКИСТОН, Қазоқистон.