18 декабр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират таҷлил мешавад. Тоҷикистон низ яке кишварҳоест, ки теъдоди қобили мулоҳизаи шаҳрвандонаш дар муҳоҷиратанд. Бино ба омори ғайрирасмӣ танҳо дар Русия беш аз якуним миллион ҳамватани мо муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд. Дар зимн, “Озодагон” аз чанд соҳибназари тоҷик пурсид: Вазъи муҳоҷиратро дар соли 2014 чи гуна арзёбӣ мекунед?
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи “Наҷот”
Соли 2014 аз ҳама лиҳоз барои муҳоҷирон мушкилтарин, ҳато мудҳиштарин буд. Аммо фикр мекунам, мушкилоти бештар онҳоро дар соли 2015 интизор аст. Вакилони палатаи поёнии парлумони Русия 17 декабр қонунеро ба тасвиб расониданд, ки дар асоси он шахсони ихроҷшаванда 10 сол наметавонанд вориди Русия шаванд. Аз ин нигоҳ ҳатто сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон ҳам ба шиддат афзоиш меёбад.
Саъдӣ Маҳдӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Муҳоҷири бечора, ки корҳои сиёҳро иҷро карда, бе ин ҳам панҷяки даромади меҳнаташро мегирифт, бо афтидани қурби рубл гӯиё бе маош кор кард. Ин зарбаи миёншикан барои ғариби дурафтода аз Ватан дар соли равон аст.
Абдусобит Шоев, муҳоҷир
Имсол ҳолат дар муҳоҷират нисбат ба солҳои қаблӣ хеле душвор шуд, зеро бо сабаби буҳронҳои сиёсӣ дар Украина аксар гурезаҳои он кишвар ба Русия меомаданд ва корҳоро бо нархи арзон анҷом медоданд. Ин барои дарёфти кори мувофиқ ба мо мушкил эҷод мекард. Дигар ин ки таҳримҳои Амрикову Аврупо болои Русия боиси он гашт, ки корфармоён сари вақт маблағҳои коркардаамонро намедоданд.
Аз ҳама чизи нигаронкунандааш он аст, ки мо бо ҳамроҳонамон аз Русия рубл овардаем ва бо сабаби поин рафтани қиммати он зарари калон дидем.
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия
Имсол барои муҳоҷирин сахттарин сол буд ва гумон мекунам соли оянда боз ҳам сахттар мегардад. Аввал ин ки қавонини будубош дар ин кишвар сахттар шуд. Дуюм, ба хотири муҳоҷирини укроин тоҷику узбакро депорт карда истодаанд.
Бобоҷони Шафеъ, таҳлилгар
Мушкилтарин сол буд барои муҳоҷирин. Соли қабули қонунҳое дар Русия, ки ҳуқуқҳои башарии муҳоҷиринро нақз карданд. Соли афзоиши фишор болои муҳоҷирин ва депортҳои бешумор. Соли боз ҳам камфаъолиятии Хадамоти муҳоҷирати кишвар ва намояндагиҳои дипломатии он дар хориҷ. Соли эҳсоси бештари беҳуқуқии муҳоҷири кории тоҷик дар Русия. Соли пастравии қурби рубл, ки садҳо ҳазор муҳоҷири кории кишварро ноумед кард.