Маркази исломӣ: “Худованд ба касоне, ки раҳм ба мардум надорад, раҳм намекунад”
Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ҳамлаи гуруҳи террористии Толибон ба яке аз мадориси шаҳри Пешовари Покистон, ки мунҷар ба қатли беш аз 150 сокини осоишта гардид, шадидан маҳкум карда, онро амали ваҳшиёна ва ғайриинсонию исломӣ хондааст.
Дар изҳороти ин марказ, аз ҷумла таъкид шудааст, “Ислом касонеро, ки даст ба ҷинояти сангин, яъне қатл ва куштор мезананд, такфир намудааст. Чуноне, ки Расули Акрам (с) фармудаанд: “Худованд ба касоне, ки раҳм ба мардум надорад, раҳм намекунад”.
Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, анҷоми ин гуна амалҳои ваҳшиёна, ки боиси қатлу куштори мардуми бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон мегардад, ҳеч иртиботе ба дини мубини Ислом надорад. “Аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом на танҳо резондани хуни мусалмон ҳаром аст, балки резонидани обрӯи шахси мусалмон низ ҷурми сангин аст. Хусусан ба қатл расонидани кудакон ҷинояти нобахшиданӣ маҳсуб мегардад. Зеро Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Ҳар навзод бо имони фитрӣ таваллуд шудааст”. Агар мо ба таърихи садри Ислом назар андозем, мебинем, ки мусалмонҳо баъд аз он ки душманон ба сарзамини онҳо лашкаркашӣ карданд, дар натиҷа мағлуб мегардиданд ва мусалмонҳо онҳоро муҳосира мекарданд, аз куштани кудакон, занон ва беморон ва пиронсолон худдорӣ мекарданд”,- омадааст дар изҳорот.
Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон аз баъзе гуруҳҳое, ки барои пиёда кардани аҳдофи худ дар замони муосир аз таълимоти дини муқаддаси Ислом сӯистифода мекунанд ва Исломи нобро ба сиёсат олуда мекунанд, даъват кардааст, аз ин амалҳои хеш даст бардоранд. Дар охир масъулини Маркази исломии кишвар бори дигар ин ҳамлаи гуруҳи Толибонро маҳкум карда, ба наздикон ва пайвандони қурбониён ибрози тасалият гуфтаанд.