Тирпаронӣ дар марз: Тошканд тоҷиконро гунаҳкор кард
Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Хадамоти амнияти миллии Узбакистон аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки дар ноҳияи Ховасти вилояти Сирдарё ғайриқонунӣ ба қаламрави ин кишвар ворид шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод марзшиканони тоҷик ба талаби амниятиҳои узбак итоат накарда, майли гурез кардаанд: “Барои боздошт аввал ба ҳаво ва баъдан ба тарафи марзшиканон оташ кушода шуд, ки дар натиҷа яке аз онҳо ҷароҳат бардошт.”
Мақомоти узбак мегӯянд, ба маҷруҳ кӯмаки тиббӣ расонда шуда, феълан вазъи саломатияш муътадил мебошад. Манбаъ мегӯяд, марзшиканон сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғданд, ки феълан тафтишот алайҳи онҳо идома дорад.
Мақомоти марзбонии Узбакистон таъкид кардаанд, ки вақтҳои охир ҳолатҳои убури ғайриқонунии марз аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон афзоиш ёфтаанд.