Тоҷикистон Ҷашнвораи АФК миёни то 14-солаҳоро мизбонӣ мекунад
Тоҷикистон мизбони Ҷашнвораи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) миёни наврасони то синни 14-сола интихоб шуд. Ин фестивал моҳи майи соли 2015 баргузор мешавад.
Тавре аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, барои гузаронидани ҷашнвораи мазкур дар Тоҷикистон ФФТ охирҳои моҳи октябр дархости расмӣ ирсол кард, ки ахиран пазируфта шуд. Гуфта мешавад, дар ин фестивал дастаҳои футболи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Узбакистон, Бангладеш, Бутан, Молдив, Ҳиндустон, Непал, Шри-Ланка, миёни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-14)-ро мурабби тими “Истиқлол” - Ҳикмат Фузайлов тамрин медиҳад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва бошгоҳи тими “Истиқлол” дар деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор мегузаранд.