Ифшои камбудиҳо дар саффи масъулини амнияти президент (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳафтаи равон муоинаи сафороии ҳайати шахсии “Воҳиди махсус”, ки ба таъмини амнияти раисиҷумҳур ва меҳмонони воломақоми хориҷӣ машғуланд, баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ дар пайи санҷиш камбудиҳо ошкор гардиданд: “Сардори Воҳиди махсус полковники милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо ба ҳайати шахсӣ супоришҳо дода, таъкид кард, ки вазифаҳои хизматиро софдилонаю содиқона иҷро намоянд.”
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати умури дохилӣ бо супориши генерал Рамазон Раҳимзода, ахиран тамоми ҳайати шахсии Воҳиди махсус бо сару либоси зимистона ва бинои нави хизматӣ таъмин гардиданд.
Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, яке аз сохторҳои мақомоти милитсия мебошад, ки дар таъмини амният ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кишвар ҳангоми ҳаракати раисиҷумҳур, пешвоз ва гусели меҳмонони олиқадр нақши калидӣ дорад. Инчунин нозирони ин воҳид дар кӯчаи марказии Душанбе ҳаракати нақлиётро назорат мекунанд ва дар гузашта шикоятҳо аз муносибату муомилаи онҳо аз ҷониби ронандаҳо зиёд садо медоданд.