Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба амири Қатар
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Иди миллии Қатар, ки ҳамасола 18 декабр ҷашн гирифта мешавад, ба амири ин кишвар - Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи шодбошӣ ирсол кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикиаш аз ҷумла гуфтааст, “мояи хурсандии ман аст, ки ба Волоҳазрат табрикоти самимона ва орзуҳои неки бародаронаи худро ба муносибати фарорасии Иди миллии Давлати Қатар бифиристам ва ба Шумо сиҳҳатии бардавом ва ба мардуми бародари Қатар таҳти роҳбарии Шумо пешрафту шукуфоӣ орзу намоям”.
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи робитаҳо ва ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфтааст, “ин фурсати некро ғанимат мешуморам, то бори дигар рағбати самимиамро дар идома додани кор бо Волоҳазрат баҳри таҳкими равобит ҷиҳати истиқрори амну субот ва пешрафти ҳар ду кишвар ва минтақа таҷдид намоям. Хоҳишмандам ғояти эҳтироми маро бипазиред”.