Русия муҳлати депортро 10 сол кард
Вакилони палатаи поёнии парлумони Русия қонунеро ба тасвиб расониданд, ки бар асоси он, шаҳрвандони хориҷии муттаҳам ба нақзи қавонини будубош аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин кишвар то 10 сол маҳрум мешаванд.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин қонун рӯзи 17 декабр дар Думаи давлатии Русия ба тасвиб расида, ҳадаф аз он танзими раванди муҳоҷират ва татбиқи меъёрҳои он дар қаламрави ин кишвар арзёбӣ шудааст. Гуфта мешавад, баъди чанд ҳодисаи пурсарусадо бо ширкати хориҷиён Русия чунин қонунро ба тасвиб расонидааст. Аз ҷумла “формати шенгенӣ” барои муҳоҷирони бе раводид (на бештар аз се моҳ дар ним сол) ҷорӣ гардид. Қаблан, ин қабил муҳоҷирон бидуни муҳлат дар Русия ба сар мебурданд, зеро қонунгузорӣ талаб мекард, дар се моҳ шаҳрвандони хориҷӣ марзи Русияро убур кунанд. Нақзи реҷаи нав ихроҷи хориҷиёнро барои се сол аз қаламрави Русия пешбинӣ мекунад.
Афроде, ки бештар аз шаш моҳ бе санади зарурӣ дар Русия ба сар бурдаанд, ба мӯҳлати панҷ ва онҳое, ки бештар аз нуҳ моҳ ғайриқонунӣ дар Русия будаанд, ба муддати 10 сол хориҷ карда мешаванд.
Бино ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия марзи якуним миллионро убур мекунад ва на ҳамаи онҳо дар он кишвар қонунӣ кору зиндагӣ мекунанд.