Ғазаби Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамлаи Толибон ба мактаби Пешовар
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми декабр бо ирсоли барқияи тассаллият ба Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон барои кушта шудани даҳҳо шаҳрванди ин кишвар бар асари як ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон изҳори ҳамдардӣ кардаааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқия ба Навоз Шариф аз ҷумла навиштааст, “бо даҳшату ғазаб ва дарду андӯҳ хабари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба як мактаби шаҳри Пешоварро, ки боиси ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон гардидааст, дарёфт намудам.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ин ҳолат бори дигар нишон дод, ки бо терроризми байналмилалӣ бояд муборизаи беамон бурд: “Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод."
Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки “ҳоҳишмандам маротиби тасаллиёт ва ҳамдардии мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро қабул фармоед ва эҳсоси гарми дӯстонаи моро ба пайвандони бегуноҳ кушташудагон ва маҷрӯҳон бирасонед.”
Ҳамла ба мактаби шаҳри Пешовар, ки даҳҳо омӯзгору шогирди куштаро барҷой гузошт, рӯзи сешанбеи 16-уми декабр рух дод, ки масъулияти онро гуруҳи Толибони покистонӣ ба уҳда гирифтанд.